НАХУСТНАМОИШИ ФИЛМИ ҲУНАРИИ «ОХИРИН САЙДИ САЙЁД»

(24.07.2021) дар кинотеатри «Ватан» бо иштироки доираи васеи алоқамандони синамо нахустнамоиши филми ҳунарии «Охирин сайди сайёд» баргузор гардид.

Филми мазкур аз рӯйи асари Аброри Зоҳир, бо коргардонии Муҳаммадрабии Исмоил таҳия ва наворбардорӣ шудааст.

Муҳтавои филм воқеаҳои солҳои навадуми асри гузашта дар марзи давлатии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бавуқӯъомадаро дар бар мегирад.

Толори барҳавою навсозишудаи кинотеатри «Ватан» пур аз тамошобин ва мухлисони синамои миллӣ гардида, филми нави Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ба алоқамандони синамои ватанӣ писанд омада, бо қаноатмандӣ пазируфта шуд.

Киношиносон, ҳунарпешаҳо, мутахассисони соҳа, коргардонҳо ва адибону филмноманависон дар нахустнамоиши филм ширкат ва ибрози ақида намуданд.

Минбаъд филми ҳунарии «Охирин сайди сайёд» дар кинотеатри «Ватан» ва дигар минтақаҳои кишвар ба намоиш гузошта мешавад.

Маъмурияти «Точикфилм»