НИШАСТИ МАТБУОТИИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ «ТОҶИКФИЛМ»

Ба таваҷҷуҳи намояндагони васоити ахбори омма расонида мешавад, ки санаи 23-юми июли соли 2021, соати 14 :00 дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров доир ба ҷамъбасти фаъолияти Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар нимсолаи аввали соли 2021 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад.

Мухбирону рӯзноманигорони матбуоти даврӣ ва шабакаҳои телевизионию радиоӣ метавонанд дар нишаст ширкат намуда, ба суолҳои хеш посух бигиранд.

Замон: 23.07.2021, соати 14 00
Макон: кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров,
кӯчаи Беҳзод, 25.

Маъмурияти «Тоҷикфилм»