НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДОИР БА ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ «ТОҶИКФИЛМ» ДАР НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2021.

Имрӯз (23.07.2021) дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров доир ба ҷамъбасти фаъолияти Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар нимсолаи аввали соли равон бо иштироки роҳбаритяи муассиса ва намояндагони васоити ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Зимни баргузории нишаст директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» муҳтарам Маҳмадсаид Шоҳиён фаъолияти нимсолаи муассиса ва вазъи соҳаи синамои миллиро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.

Таъкид карда шуд, ки фаъолияти эҷодию истеҳсолии Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ аз таҳия ва наворбардории филмҳои гуногунжанри ҳунарию мустанад ва кӯтоҳи бадеию тасвириро фаро мегирад.

1. Филмҳои ҳунарии пурра: Банаворгирии филми ҳунарии “Баҳори хазонрез” аз рӯйи романи «Моҷарои зиндагӣ»-и нависандаи маъруфи тоҷик Кароматулло Мирзоев, бо коргардонии Раҷабалӣ Пиров ба итмом раисда, танзим ва банду басти он идома дорад.

Филми ҳунарии “Охирин сайди сайёд” бо коргардонии Муҳаммадрабӣ Исмоилов пурра омода гардида, нахустнамоиши он 24-уми июли соли 2021, соати 18.00 дар кинотеатри навсозишудаи “Ватан” баргузор мегардад.

Дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии “Суғдсинамо” наворбардории филми ҳунарии “Суруди носуруда”, бо коргардонии Муҳиддини Музаффар ба итмом расида, филм танзим ва банду баст мешавад.

Давраи омодагӣ барои таҳия ва наворбардории филми ҳунарии “Ситораи ноаён”, бо коргардонии Муҳаббат Сатторӣ, дар ҳамкорӣ бо Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон оғоз гардида, наворбардории филм моҳи сентябр дар назар аст.

Дар ҳамкорӣ бо филмноманавис ва коргардони ҷавон Заринаи Қаландар таҳия ва наворбардории филми ҳунарии “Таваллуди дигар” дар минтақаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шурӯъ шудааст.

Омодагиҳо барои таҳияи филмномаи филми ҳунарии “Ҷомӣ ва Навоӣ”, ки аз ҷониби роҳбарияти олии ду кишвари дӯсту бародар пешниҳод шудааст ва филмномаи “Сангҳо ва об”-и Искандар Усмонов дар ҳамкорӣ бо Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон идома дошта, дар ин самт гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шудаанд ва аз пайи иҷрои уҳдадориҳои хеш мебошанд.

2. Филмҳои бадеии кутоҳ: Филми кӯтоҳи “Шаммае аз русуми Наврӯз”, аз ҷониби раёсати муассиса дар ВМКБ омода шуда, тариқи телевизиони вилоят пахш гардид. Филми бадеии кӯтоҳи “Бозӣ” коргардон Мумин Қодиров комилан омода шуд..

Филми бадеии кутоҳи “Насиб” коргардон Шарофат Арабова пурра омода гардид.

Филми бадеии кӯтоҳи “Додараки фариштаҳо” аз рӯйи асари Сайф Раҳимзоди Афардӣ, бо коргардонии Умед Мирзоширинов наворбардорӣ гардида, мавриди танзим ва садогузорӣ қарор дорад.

3. Филмҳои тасвирӣ: Таҳия ва омодасозии филми тасвирии “Саргузашти гандум” аз рӯйи асари Абдурофеъ Рабизода оғоз шудааст.

4. Филмҳои мустанад:  «Марде дар шаҳре, шаҳре дар марде», коргардон Файзулло Файз.

“Масири ҳамдилӣ” дар бораи Созмони ҳамкории Шанхай, коргардон Файзулло Файзов

“Хоҷамуъмин”, дар бораи кони намаки калонтарин дар ҷаҳон, аз ҷониби раёсати муасиса дар вилояти Хатлон.

Ҳамчунин, иқдомҳои созандаю бунёдкорона ва баргузории чорабиниҳои синамоӣ дар нимсолаи аввал хотирнишон гардиданд.

Нахустин бор дар замони соҳибистиқлолӣ мавриди таъмиру таҷдид ва навсозӣ қарор додани кинотеатри “Ватан” ва ба фаъолият шурӯъ намудани он.

Дар сатҳи баланди ташкилию омодагӣ баргузор намудани Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон, дар ин замина ба тасвиб расидани Меморандуми ҳамкорӣ миёни Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ва Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

Дар ҳамкорӣ бо сафорати Федератсияи Россия доир гардидани “Фестивали филмҳо, бахшида ба 76-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ”

Нашри шумораи дуюми маҷаллаи “Кино”

Дар навбати худ мухбирон ва рӯзноманигорони матбуоти даврӣ ва шабакаҳои телевизионию радиоӣ дар нишаст фаъолона ширкат намуданд.

Намояндагони васоити ахбори омма бештар доир ба пешгирии қочоқи маводҳои аудиовизуалӣ, таҳия ва наворбардории филмҳои ҳунарии таърихӣ, омодасозии кадрҳои баландихтисос, ҷалби гранту сармоягузориҳо ба соҳа, таҳияи филмҳои муштарак, ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо синамонигорони хориҷӣ ва дигар масоили марбути соҳа мароқ зоҳир намуда, ба суолҳояшон посухҳои мушаххас гирифта, қаноатманд гардиданд.

Нишаст дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ба анҷом расид.
Маъмурияти “Тоҷикфилм”