ОРЗУ ҶОМАИ АМАЛ МЕПӮШАД.

Имрӯз 08.07.2021 дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» миёни гурӯҳҳои эҷодии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба таҳия ва наворбардории филми таърихию ҳунарии «Ҷомӣ ва Навоӣ» ба таври маҷозӣ мулоқот баргузор гардид. Зимни вохӯрӣ доир ба зарурат ва аҳамияти филм, хусусиятҳои вижа ва ғояи асосии он табодули афкор сурат гирифт.

Таъкид гардид, ки ҳадафи филм бояд татбиқи сиёсати инсондӯстонаи ду сарвари давлат ҷиҳати ба таври густурда инъикос кардани дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбекро фаро гирад. Ҳамзамон, хотирнишон шуд, ки филм на танҳо барои ҷомеаи Тоҷикистону Ӯзбекистон, балки барои ҷомеаи ҷаҳонӣ нигаронида шавад.

Консепсияи филмномаи филми таърихиву ҳунарии «Дурахши ахтарон»-и Абдуҷаббор Раҳмонзода, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор барои коркард пешниҳод шуд.

Дар вохӯрӣ аз ҷониби Тоҷикистон Маҳмадсаид Шоҳиён, директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм», Ғайбуллозода Толиб, муовини якуми директори МД «Тоҷикфилм», Сохибзода Махмадкарим, муовини МД «Тоҷикфилм», Ато Мирхоҷа, муовини якуми раиси Иттифоқи нависандагон, Ҷумъа Қуддус, сармуҳаррири маҷаллаи «Памир», Шарифмурод Исрофилниё, мунаққид, адабиётшинос, Ато Ҳамдам, адиб, драматург, Абдулло Раҳнамо сиёсатшинос, Тиллои Некқадам, киношинос, нависанда, Сафар Ҳақдод, раиси Иттифоқи синамогарони Точикистон, Муҳаббат Сатторӣ, коргардон, Искандар Усмонов, филмноманавис, иштирок ва ибрози ақида намуданд.

Аз ҷониби Ӯзбекистон Фирдавс Абдухолиқов, директори Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Шуҳрат Ризоев муовини якуми директори Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, олимону адибон ва дигар мутахассисони соҳа ширкат варзиданд.

Ҷонибҳо ба хулосае омаданд, ки гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шавад ва ҳар даҳрӯза фаъолияти гурӯҳҳо тариқи вохӯрии маҷозӣ натиҷагирӣ карда шавад.

Хотирнишон мекунем, ки ғояи таҳия ва наворбардории филми таърихию ҳунарии «Ҷомӣ ва Навоӣ» аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев пешниҳод шуда, барои наслҳои ҷавон намунаи ибрату сабақи таърихӣ хоҳад шуд. Орзуи деринаи роҳбарияти олии ду кишвар ҷомаи амал мепӯшад.