ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ «ТОҶИКФИЛМ» ДАР НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2021.

14-уми июли соли 2021 дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров ҷаласаи ҳайати мушовараи Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» доир ба ҷамъбасти фаъолияти Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар нимсолаи аввали соли 2021 ва вазифаҳо барои давраҳои минбаъда баргузор гардид.

Дар ҷаласа аъзои ҳайати мушовара, сардорони Сарраёсатҳо, сардорони Раёсатҳои муассиса дар вилояти Хатлон, Суғд, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, сардори шуъбаи минтақавии водии Рашт ва дигар масъулон иштирок намуданд.

Зимни ҷаласаи ҷамъбастӣ ҳисоботи сардорони воҳидҳои сохтории муассиса шунида шуд.

Директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» муҳтарам Маҳмадсаид Шоҳиён, дар ҷаласаи ҳайати мушовара вазъи соҳаи синаморо дар нимсолаи аввали соли 2021 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.

Аз ҷумла, таъкид карда шуд, ки муассиса фаъолияти эҷодию истеҳсолиашро бо маром идома дода, дар муддати шашмоҳ якчанд филмҳои ҳунарии пурраи “Баҳори хазонрез” коргардон Раҷабалӣ Пиров, “Охирин сайди сайёд”, коргардон Муҳаммадрабӣ Исмоилов, “Суруди носуруда” коргардон Музаффар Муҳиддин, “Ситораи ноаён”, коргардон Муҳаббат Сатторӣ, “Таваллуди дигар”, коргардон Заринаи Қаландар, филмҳои бадеии кӯтоҳи “Шаммае аз русуми Наврӯз”, “Бозӣ”, коргардон Мумин Латифӣ, “Насиб”, коргардон Шарофат Арабова, “Додараки фариштаҳо”, коргардон УмедМирзоширинов, филмҳои мустанади «Марде дар шаҳре, шаҳре дар марде», коргардон Файзулло Файз. «Наврӯз» коргардон Сатторзода Рустам, “Масири ҳамдилӣ” дар бораи Созмони ҳамкории Шанхай, коргардон Файзулло Файзов “Ҳалевард” аз силсилафилми мустанади “Нигини Хатлон” аз ҷониби раёсати муасиса дар вилояти Хатлон, “Хоҷамуъмин”, дар бораи кони намаки калонтарин дар ҷаҳон, аз ҷониби ҷониби раёсати муасиса дар вилояти Хатлон рӯйи навор овардааст ва таҳияи филми тасвирии «Саргузашти гандум» бо коргардонии Фирдавс Насруллозода идома дорад.

Ҳамзамон, хотирнишон гардид, ки дар робита ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонию бунёдкорӣ роҳандозӣ гардида, кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров ва кинотеатри «Ватан» дар шаҳри Душанбе азнавсозӣ ва мавриди истифода қарор дода шуданд.

Барои дар сатҳи баланди ташкилию омодагӣ баргузор намудани Фестивали филмҳои ҳунарӣ ва телевизионии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Белорус, Синамоҷашнвораи байналмилалии Душанбе, Рӯзхои кинои Ҷумҳурии Белорус дар Тоҷикистон масъулин муваззаф гардиданд.

Ҳамин тавр, фаъолияти Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар нимсолаи аввали соли равон қаноатбахш ҳисобида шуда, вазифаҳо барои давраҳои минбаъда муайян ва барои иҷрои босамари онҳо ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.