МАҶАЛЛАИ «КИНО» ДАР АМРИКО ВА ИСРОИЛ

Шумораи дуюми маҷаллаи «Кино» ба алоқамандон ва хонандагони берунмарзӣ дастрас гардида, мавриди писанди онҳо қарор гирифт. Муҳтавои шумораи навбатии маҷалла дар робита ба 100-солагии зодрӯзи Борис Кимягаров бештар ба рӯзгор ва фаъолияти ин коргардони номвари тоҷик нигаронида шудааст.

Рӯзномаи «The Bukharian Times» дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Menora.World дар давлати Исроил доир ба маҷаллаи «Кино» маводҳо рӯйи чоп оварда, ҷиҳати гиромидошт ва ёдоварӣ аз Борис Кимягаров ба мардуми ширифи тоҷик ва роҳбарияти кишвар изҳори сипосу миннатдорӣ намудаанд, ки метавонед бо истифода аз истиноди дар зер овардашуда, маводҳоро дастрас ва мутолиа намоед.

МАҶАЛЛА