«ЭТЮД» БА АНАПА МЕРАВАД.

Филми кӯтоҳи ҳунарии «Этюд»-и Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм», ки бо коргардонии Мумин Қодиров наворбардорӣ шудааст, миёни 30 филм аз кишварҳои олам дар озмуни филмҳои кӯтоҳи ХХХ Фестивали кушоди синамои кишварҳои ИДМ ва кинематогарфияи миллии «Киношок» иштирок мекунад.

Фестивал дар шаҳри Анапаи кишвари Краснодари Федерастияи Россия аз 25-уми сентябр то 2-юми октябри соли 2021 баргузор мегардад.

Ёдовар мешавем, ки ба озмунҳои Фестивал аз Тоҷикистон филми пурраи ҳунарии «Охирин сайди сайёд» ва филми кӯтоҳи бадеии «Этюд» шомил шудаанд.

Маъмурияти «Тоҷикфилм»