РӮЗҲОИ КИНОИ ТОҶИКИСТОН ДАР ӮЗБЕКИСТОН

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён барои баргузории Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва ҷиҳати иштирок дар Синамоҷашнвораи 13-уми байналмилалии Тошканд «Дурдонаҳои роҳи абрешим» ба шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар намуд.

Дар асоси Меморандуми ҳамкорӣ миёни Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар доираи Синамоҷашнвораи 13-уми байналмилалии Тошканд аз 27-уми сентябр то 4-уми октябри соли 2021 дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегарданд.

Дар доираи баргузории Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон филмҳои дар солҳои гуногун истеҳсолнамудаи «Тоҷикфилм», аз ҷумла филмҳои ҳунарии «Рустам ва Суҳроб», «Қисмати шоир»-и коргардон Борис Кимягаров, «Муаллим»-и коргардон Носир Саидов, «Сафари ҳавоӣ»-и коргардон Далер Раҳматов, «Рақси зиндагӣ»-и Муҳаббат Сатторӣ, «Хаёлпарастони музофотӣ»-и Румӣ Шоазимов, «Автобус»-и Абдулҳай Зокиров ва филмҳои мустанади «Ваҳдати миллӣ»-и коргардон Абдулҳай Зокиров ва «Шинохти Саразм»-и коргардон Рустам Сатторзода ба намоиш гузошта мешаванд.

Баргузории Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар шаҳри Тошканд ва вилоятҳои Андиҷону Фарғона низ дар назар дошта шудааст.

Дар робита ба ифтитоҳи Кинофестивали 13-уми байналмилалии Тошканд «Дурдонаҳои роҳи абрешим» барои доираи васеи рӯзноманигорну хабаргузорон нишасти матбуотӣ доир гардид.

Маъмурияти «Тоҷикфилм»