Дар доираи Кинофестивали ХIII байналхалқии Тошканд-Дурдонаҳои Роҳи Абрешим аз 28 сентябр то 3 октябри соли 2021 рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Ӯзбекистон гузаронида шуд.
Ҳайати намояндагони кинои Тоҷикистонро дар ин чорабини муҳими фарҳангӣ директори Муасиссаи Давлатии “Тоҷикфилм”, Маҳмадсаид Шоҳиён, муовини директор Соҳибзода Маҳмадкарим, Сардори Сарраёсати Муасиссаи Давлатии “ Тоҷикфилм” Абдуллозода Акмал, Ходими шоистаи санъати Тоҷикистон, наворбардори шинохта Заур Дахте, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Насриддин Нуриддинов, киношинос Тилло Некқадамов, таҳиягарони филмҳои ба намоиши пешниҳодшуда Далер Раҳматов, Муҳаббат Сатторӣ, Искандар Усмонов, наворбардор Шуҳрат Қурбонов, ва муҳаррири суратгири маҷаллаи “Кино” Комрон Сафаров муаррифӣ карданд. Ба намояндагони саъати кинои Тоҷикистон даст имкон дод, ки аз пайроҳаи Сурхи ифтихории (красная дорожка) Кинофестивали ХIII байналлхалқии Тошканд – “Роҳи Абрешим” гузаранд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Ӯзбекистон 29 сентябри соли равон дар толори Театри давлатии опера ва балети Ӯзбекистон ба номи Алишер Навоӣ расман оғоз ёфт. Дар маросими ифтитоҳи он Сафири фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, директори Муасиссаи Давлатии “Тоҷикфилм”, Маҳмадсаид Шоҳиён, раиси Иттифоқи кинематографистони Ӯзбекистон, муовини директори Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шуҳрат Ризаев ва дигарон аз дастовардҳои имрӯзаи кинои тоҷик ва ҳамкориҳои муштарак сухан карданд.
Дар барномаи киносозони тоҷик филмҳои ҳунарии “Қисмати шоир” ва “Рустам ва Суҳроб”-и режиссёр Борис Кимягаров, “Муаллим”-и Носир Саидов, “Рақси зиндагӣ”-и Муҳаббат Сатторӣ, “Сафари ҳавоӣ”-и Далер Раҳматов, “Автобус”-и Абдулхай Зокиров , “Хаёлпарастони деҳотӣ”-и Руми Шоазимов ва филмҳои ҳуҷҷатии “Ваҳдати миллӣ”, “Шинохти Саразм” ва филми тасвирии “Кӯҳистонӣ” дохил шуда буданд.
Дар баробари намоиши филмҳои бадеӣ дар маркази Ӯзбекистон – шаҳри Тошканд гурӯҳи эҷодӣ ва намояяндагони Муасиссаи Давлатии “Тоҷикфилм” ба вилояту шаҳрҳои Фарғона, Андиҷон, Марғелон ва Риштон сафар карда, бо тамошобинони ӯзбек аз наздик вохӯрда, суҳбату мулоқотҳо анҷом доданд.
1 октябри соли 2021 дар шаҳри Андиҷон меҳмонони тоҷикро муовини ҳокими вилояти Андиҷон Шӯҳрат Абдуманонов бо нону намак ва рақсу суруд истиқбол гирифт.
Маросими кушодашавии Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Ӯзбекистон дар вилояти Андиҷон дар толори боҳашамати кинои назди Маркази савдои “Ӯзбегим” расман оғоз ёфт.
Дар назди иштирокчиён, мухлисони кино муовини ҳокими шаҳри Андиҷон Шӯҳрат Абдураҳмонов ва директори Муасиссаи Давлатии “Тоҷикфилм” Маҳмадсаид Шоҳиён баромад карда, ҳозиронро аз комёбиҳои имрӯзаи кинои тоҷик ошно карданд.
Дар шаҳри Андиҷон ба тамошобинон филми ҳунарии “Муаллим” нишон дода шуд. Пеш аз намоиш иштирокчиён бо меҳмонони тоҷикистонӣ аз наздик мулоқот доштанд
Баъди намоиши филми бадеӣ меҳмонон ба мактаби миёнаи №30 –и маркази шаҳри Андиҷон даъват шуда, дар маросими номгузории мактаб ба номи яке аз ҳунарпешаҳои шинохтаи ӯзбек, Артисти халқии Ӯзбекистон Аббос Боқиров иштирок карданд. Мавриди зикр аст, ки ин ҳунарпеша бо киностудияи “Тоҷикфилм” солҳои1956-1959 ҳамкори дошта, дар филмҳои ҳунарии “Дохунда”-и Борис Кимягаров ва “Насриддин дар Хуҷанд”- и А. Бек-Назаров ва Э. Карамян нақшҳои ҷолиб офаридааст.
Вохӯрӣ ва мулоқотҳои намояндагони кинои Тоҷикистон ҳамчунин дар вилояти Фарғона дар толори бузурги Нурхон доир гардид. Пеш аз чорабинии фарҳангӣ муовини ҳокими вилояти Фарғона Хуршедҷон Ахмедов директори Муасиссаи Давлатии “Тоҷикфилм”, Маҳмадсаид Шоҳиён дар назди ҳозирин баромад карданд. Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Насриддин Нуриддинов, ходими шоистаи санъати Тоҷикистон наворбардор Зуҳур Дахте ва таҳиягар Муҳаббат Сатторӣ дар бораи кинои тоҷик ва ҳамкориҳои муштараки киносозони тоҷику ӯзбек суханҳои нек гуфтанд. Ба тамошобинон филми ҳунарии “Рақси зиндагӣ”-и таҳиягар Муҳаббат Сатторӣ пешкаш гардид.
Чунин вохӯриву мулоқотҳо дар маркази хунармандони шаҳри Марғелон ва маркази ҳунарҳои халқӣ “Керамика ”-и шаҳри Риштон – зодгоҳи Артисти халқии СССР Муҳаммадҷон Қосимов низ хеле хотирмон гузашт.
Дар толори калони Киноконсерни “Ӯзбекфилм” намоиши суратҳои Зуҳур дахте таҳти унвони “ Тоҷикистон аз нигоҳи Заур Дахте ” барпо гардид. Ҳамчунин, Заур Дахте бо эҷодкорони ҷавони ӯзбек дарси устоду шогирд-ро гузаронид, ки дар он донишҷӯёни Донишкадаи давлатии Санъати тасвирӣ ва дизайни Ӯзбекистон ба номи Камолиддин Беҳзод иштирок карда, ба саволҳояшон посухи қаноатбахш гирифтанд.
Ҳамзамон дар Кинофестивал ситораҳои кинои ҷаҳони Стивен Сигал, Люк Бессон, Никита Михалков, ситораҳои кинои Ҳиндустон Митхун Чакраборти ва Рандхир Капур, ситораи эстрадаи Флипп Киркоров ва дигарон иштирок карданд.
Боиси ифтихор буд, ки дар Кинофестивали байналхалқии Тошканд-“Дурдонаҳои роҳи Абрешим” дар баробари Никита Михалков, Раҷ Капур, Нурӣ Билге Ҷeйлан, Ойтурған Темурова инчунин ба ҳамдиёри мо, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Сайрам Исоева, ки меҳмони ифтихорӣ буд, Ҷоизаи “ Барои саҳм дар рӯшди кинематографияи ҷаҳонӣ ” ва 20 ҳазор доллари ИМА дар вазъияти тантанави супорида шуд.
Дар доираи ин чорабинӣ намояндагони кинои Тоҷикистонро директори генералии Кинофестивали ХIII байналхалқии Тошканд “Дурдонаҳои роҳи Абрешим”, директори генералии Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Фирдавс Фридунович Абдуҳолиқов ба ҳузур пазируфт . Ӯ аз меҳмоннавозии мардуми тоҷик ҳарф зада, эҷодкорони киноро ба ҳамкорӣ даъват кард, зеро Киноконсерни “Ӯзбекфилм” азнавсозӣ шуда, дорои дастгоҳҳои беҳтарини истеҳсоли Олмон- фирмаи “АРРА” мебошад. Барои дастрас намудани дастгоҳҳои замонавӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон 28 миллион долари ИМА ҷудо кардааст. Ҳамчунин, миёни Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ва Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Мемарандум аз хусуси оғози банаворгирии филми ҳунарӣ аз ҳаёти Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ ба имзо расонидаанд.
Баъди маросими тантанавии пӯшида шудани Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Сафири фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода намояндагони рузҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистонро қабул карда ва барои ҷамъбасти бомуваффақият ба эшон изҳори миннадорӣ баён намуд.
Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон хеле хотирмон гузаронида шуд. Гурӯҳи намояндагони кинои тоҷик 4 октябри соли 2021 ба шаҳри Душанбе баргаштанд.