«БАЧАИ ОБӢ» ДАР ШВЕТСИЯ.

квадрат

Филми ҳунарии «Бачаи обӣ»-и Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм», ки бо коргардонии Файзулло Файзов рӯйи навор омадааст, барои иштирок ва рақобат дар озмунҳои Синамоҷашнвораи байналмилалии «Само» дар Шветсия пазируфта шуд.

Филм дар жанри драмаи иҷтимоӣ офарида шуда, аз рӯзгори наврасе, ки ба моҳигирӣ шавқ дошта, мехоҳад оянда ба ин касб шуғл варзад ҳикоят мекунад. Инчунин, филм масоили   муҳити зист, кам шудани захираҳои об ва хушкшавии рӯдхона, кӯлу дарёҳоро дар робита ба гармшавии глобалии иқлим инъикос намудааст. 

       Синамоҷашнвораи байналмилалии «Само» соли 2009 аз ҷониби муҳоҷирони афғон дар Шветсия таъсис ёфта, ҳамасола дар шаҳри Стокголм баргузор мегардад.

Маъмурияти «Тоҷикфилм»