«МАСИРИ ҲАМДИЛӢ» ФИЛМИ МУСТАНАД ДАР БОРАИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ.

Дар робита ба раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ва ба муносибати  20-солагии таъсисёбии Созмони ҳамкории Шанхай Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» филми мустанади «Масири ҳамдилӣ»-ро бо коргардонии Файзулло Файзов рӯйи навор овард.   Филм бо далелу арқоми саҳеҳ фаъолияти 20-солаи Созмони ҳамкории Шанхайро дар пардаи синамо инъикос менамояд.

Филми мустанади «Масири ҳамдилӣ» дар сатҳи баланди касбӣ таҳия гардида, барои доираи васеи алоқамандони синамо пешбинӣ мешавад ва ҷиҳати намоиш ба давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай пешниҳод мегардад. 

 

Маъмурияти «Тоҷикфилм»