СИНАМОҶАШНВОРАИ XVII БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ЛИСТОПАД» ДАР ҶУМҲУРИИ БЕЛАРУС

Аз 19-ум то 23-юми ноябри соли 2021 дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус Синамоҷашнвораи XVII  байналмилалии «Листопад»  ва Шӯрои директорони киностудияҳои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад.

Директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён дар Синамоҷашнвораи XVII  байналмилалии «Листопад»  ва Шӯрои директорони киностудияҳои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Тоҷикистонро намояндагӣ хоҳад намуд.

Ҳамзамон, барои иштирок дар Синамоҷашнвораи XVII  байналмилалии «Листопад»   филмҳои ҳунарии «Автобус»  ва «Охирин сайди сайёд»-и Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» пешниҳод шудаанд.

Дар доираи Шӯрои директорони киностудияҳои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил имзои Созишнома оид ба филмбардории муштарак миёни кишварҳои аъзои ИДМ ва Гурҷистон дар назар аст.

Маъмурияти «Тоҷикфилм»