ФЕСТИВАЛИ ФИЛМҲОИ БЕОВОЗ дар шаҳри Душанбе

ФЕСТИВАЛИ ФИЛМҲОИ БЕОВОЗ дар шаҳри Душанбе

Аз 24-ум то 26-уми ноябри соли 2021 дар шаҳри Душанбе бо дастгирии Донишкадаи Гётеи Ӯзбекистон дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар робита ба пойтахти фарҳангии давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эълон гардидани шаҳри Душанбе дар соли 2021   ФЕСТИВАЛИ ФИЛМҲОИ БЕОВОЗ  баргузор мегардад.

Дар доираи баргузории фестивал 3 филми ҳунарӣ (“Талош”   муаллиф ва коргардон Соҳибёр Толиб,  “Муҳоҷир” коргардон  К.Ёрматов, «Вақте ки амирон мемиранд»  коргардон Л.Печорина), 3 филми мустанади (“Омадани аввалин қатора ба Душанбе”,  наворбардорон В.Кузин, А.Шевич, Н.Гезулин, “Зилзила дар Янгибозор” коргардон  Л.Райгородский, «Адонис XIV» коргардон Бақо Содиқов)  Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм”, 2 филми ҳунарии  истеҳсоли “Ӯзбекфилм” («Манораи марг» коргардон Вячеслав Висковский, «Махав»   коргардон Олег Фрелих) 1 филми тасвирии олмонӣ («Саргузашти шоҳзода Ахмад»  коргардонҳо Лотти Рейнигер ва Карл Кох) ва 1 филми тасвирии «Ҳувайдо» коргардон  Лолисанам  Улуғова   дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров ва кинотеатри “Ватан” барои доираи васеи алоқамандони синамо ба намоиш гузошта мешаванд.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *