ФЕСТИВАЛИ ФИЛМҲОИ БЕОВОЗ ҷамъбаст гардид.

главное фото

24-уми ноябри соли 2021 дар шаҳри Душанбе  Фестивали филмҳои беовоз расман шурӯъ гардид.  

Нахуст, доир ба баргузории фестивал барои доираи васеи хабаргузорону рӯзноманигорон бо иштироки меҳмонони чорабинӣ Ян Хелфер аз Ҷумҳурии Федеролии Олмон ва  Шомансур Шораҳимов, Дилдора Муҳаммадаминова, Гулноз Набиева  аз Ҷумҳурии Ўзбекистон нишасти матбуотӣ доир шуд.  

Таъкид гардид, ки ҳадафи баргузории чорабинии синамоӣ таҳкими худшиносӣ ва оммавӣ гардонидани синамои миллӣ маҳсуб меёбад.

Баъдан, маросими расмии ифтитоҳи Фестивал дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собирови Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм” бо иштироки доираи васеи синамонигорон, аҳли фарҳанг, зиёиён, алоқамандони синамо ва меҳмонон баргузор шуд.  

Барномаи фарҳангӣ бо иштироки дастаи ҳунарии Далер Султонов ба маросими ифтитоҳи фестивал шукӯҳу шаҳомати хоса зам намуд.

Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Федеролии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Андреас Протманн, директори Донишкадаи Гётеи Ўзбекистон Ян Хелфер, собиқадори синамо Заур Дахте ва киношинос Тилло Некқадамов зимни маросими ифтитоҳ доир ба филмҳои беовоз суханронӣ намуда, ба ташкилкунандагони чорабинии мазкур изҳори сипос баён доштанд.

Меҳмонону иштирокчиёни чорабиниро муовини якуми директори Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” Ғайбуллозода Толиб Ғайбулло бо ифтитоҳи фестивал ва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуда, ба диёри зебоманзари Тоҷикистон қадам ранҷа намудани меҳмононро хайрамақдам гуфт.    

Таъкид шуд, ки дар Рӯзи Парчами давлатӣ оғоз гардидани фестивал басо рамзӣ буда, сарҷамъию иттиҳод ва худшиносию худогоҳиро тараннум менамояд.

 Меҳмонон аз пазироии гарму самимӣ ва рушду нумӯи Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан зебову дилрабо гардидани шаҳри Душанбе изҳори сипосу қаноатмандӣ намуданд.

Намоиши филми мустанади “Омадани авалин қатора ба Душанбе” ва филми ҳунарии “Муҳоҷир” бо садои мусиқии ҷолиб дар иҷрои Далер Султонов  ба  фестивал ҳусни оғоз бахшид. 

Маъмурияти “Тоҷикфилм”