ҲАМКОРОНИ МУҲТАРАМ!
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати сарнавиштсози давлати тоҷикон маҳсуб ёфта, Тоҷикистонро давлати демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва ягона эълон намуда, дар қатори даҳгонаи беҳтарин конститутсияҳои кишварҳои олам шинохта шудааст.
Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол беҳтарин арзишҳо, ормонҳо ва ченакҳоеро муайян кардааст, ки метавонанд манфиатҳои имрӯзу фардои миллату давлатро дилпурона дифоъ ва ҳуқуқу озодиҳои инсонро таъмин намоянд.
Эҳтиром ва риояи меъёрҳои Конститутсия шарти муҳимтарини оромиву осоиш ва пешрафти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, инчунин зиндагии босаодати ҳар як сокини мамлакат мебошад.
Шуморо ба солгарди рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуда, бароятон сиҳатмандии комил ва барору комёбӣ таманно менамоем.
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!
Маъмурияти «Тоҷикфилм»