ҲАМОИШ ОИД БА АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ ВА МИР АЛИШЕРИ НАВОӢ

Амалисозии пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии  Ӯзбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев доир ба таҳия ва эҷоди филми ҳунарӣ дар бораи таърихи дӯстии халқҳои бародари тоҷику ӯзбек, хусусан дӯстию рафоқати Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон заминаи мусоид фароҳам меоварад. 

 То ба имрӯз миёни гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Ӯзбекистон доир ба таҳия ва эҷоди филмномаи филми ҳунарии таърихии “Ҷомӣ ва Навоӣ” се маротиба вохӯриҳои маҷозӣ баргузор гардиданд.

Зимни вохӯриҳо доир ба зарурат, аҳамият, хусусияти вижа ва ғояи асосии филм табодули афкор сурат гирифт.

Гурӯҳи кории Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз олимону донишмандони Академияи миллии илмҳо ва аҳли эҷоди Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм”   аз 10-ум то 15-уми сентябри соли 2021 барои аз наздик дидору мулоқот ва амиқан мавриди баррасию омӯзиш қарор додани масъалаи эҷоди филмномаи филми ҳунарии таърихии “Ҷомӣ ва Навоӣ” ба шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар намуданд. 

          Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» бад-ин мақсад олимону зиёиён, адибону шоирон ва киношиносону мутахассисони соҳаро ба ҳам овард, ки назару андешаашонро  иброз намоянд.

           Ғояи асосии филми таърихию ҳунарии «Ҷомӣ ва Навоӣ» бояд пеш аз ҳама бозгӯйи муҳаббату самимияти ду миллати бузург, дар мисоли ду  чеҳраи адабиву ирфонӣ –Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ   ва таҷассумгари  ташаккул ва таҳаввули дӯстию бародарии ду миллати ҳамсоя дар масири таърих мебошад.

          Вобаста ба таҳия ва эҷоди филмномаи филми ҳунарии таърихии “Ҷомӣ ва Навоӣ” филмноманависи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Рустам Ҷабборов 8-уми ноябри соли 2021 ба шаҳри Душанбе омад.

          9-уми ноябри соли 2021 дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” Рустам Ҷабборов бо роҳбарияти муассиса, аҳли эҷод ва олимону донишмандони кишвар дидору мулоқот анҷом дод. Зимни вохӯрӣ масоили марбут ба эҷоди филмномаи “Ҷомӣ ва Навоӣ” баррасӣ ва муҳокима гардид. 

Маъмурияти “Тоҷикфилм”