ГУРӮҲИ ЭҶОДИИ ФИЛМИ “СИТОРАИ НОАЁН” ДАР САМАРҚАНД

Дар доираи татбиқи Меморандуми ҳамкорӣ миёни Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ва Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон гурӯҳи эҷодии филми ҳунарии муштараки “Ситораи ноаён” барои интихоби ҳунарпешаҳо барои нақшофарӣ, маконҳои наворбардорӣ, муаррифии филмнома ва дидору мулоқот бо гурӯҳи эҷодии ҷониби Ӯзбекистон аз 15-уми декабри соли 2021 сафари худро аз шаҳри Самарқанди самарманд оғоз намуд.

Дар ҷараёни сафар, гурӯҳи эҷодии филм аз ҷойҳои таърихию сайёҳии шаҳри Самарқанди бостонӣ, аз ҷумла Мадраса, осорхона, расадхонаи Мирзо Улуғбек, мадрасаи Тиллокорӣ, Шоҳи зинда, майдони Регистон, мақбараи Амир Темур ва дигар маконҳои таърихию сайёҳӣ дидан намуд.

Маъмурияти “Тоҷикфилм”