“ДОДАРАКИ ФАРИШТАҲО” ДАР ПАРДАИ СИНАМО.

ГЛАВНОЕ ФОТО

Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм”   ҳикояи адиби шаҳири тоҷик Сайф Раҳимзоди Афардӣ “Додараки фариштаҳо”-ро бо коргардонии Умед Мирзоширинов ҳамчун филми бадеии кӯтоҳ ба пардаи синамо кашид. 

Намоиши санҷишии филм дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров барои ҳайати мушовара ва аъзои Шӯрои бадеии Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм”  баргузор карда шуд.

Филм дар сатҳи баланд ва бо касбияти том рӯйи навор омада, заҳмати аҳли гурӯҳи эҷодӣ барабас нарафтааст. Ибораҳои “Онҳо фаришта ҳастанд…” ва ё “Оча дигар ба ман фаришта назой…” басо ҳассосу муассир барои тамошобин маънидод мегарданд.  Мазмуну муҳтаво ва фалсафаи ҳикояи  адиб Сайф Раҳимзоди Афардӣ дар пардаи синамо ба таври ҷолиб ҳувайдо шуда, нақшофарии ҳунарпешаҳо, махсусан қаҳрамони асосии филм писарбача,  кори наворбардор, коргардон, танзим хеле хуб ва мусиқии филм ба шакли таҷзияи мусиқии миллию ҷаҳонӣ  иҷро шудаанд, ки боиси ҷолибу тамошобоб шудани  филм гардидааст.

 Дар соли 2021 ин чорумин филми ҳунарии кӯтоҳи Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” мебошад, ки омодаи намоиш шудааст.

Рӯзҳои наздик  нахустнамоиши филм ва баъдан намоиши оммавии он ба роҳ монда мешавад.

Интизор бошед!