ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ КИНОСТУДИЯҲОИ ДАВЛАТҲОИ ИДМ ВА ГУРҶИСТОН ДАР ШАҲРИ ТОШКАНД.

Аз 21-ум то 24-уми декабри соли 2021 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шӯрои сеюми директорони киностудияҳои давлатҳои ИДМ ва Гурҷистон бавргузор гардид, ки дар он директори Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” Маҳмадсаид Шоҳиён иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар чаҳорчӯбаи Шӯро Мизи мудаввар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кинематография миёни роҳбарони киностудияҳои давлатҳои ИДМ ва Гурҷистон баргузор шуд. Дар Мизи мудаввар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кинематография роҳбарони киностудияҳои
“Озарбойҷонфилм”, “Арменфилм”, “Белорусфилм”, “Гурҷистон-филм”, “Қазоқфилм”, “Қирғизфилм”, “Ленфилм”, “Молдовафилм”, “Мосфилм”, ҶС “Студияи филмҳои мустанади Санкт-Петербург”, “Туркменфилм”, “Тоҷикфилм”, “Ӯзбекфилм” ширкат карданд.
Зимни баргузории Мизи мудаввар доир ба фаъолият ва нерӯи эҷодию техникии киностудияҳо табодули афкор сурат гирифт. Ҳамзамон, дар ин замина маросими ҷоизасупории озмуни филмҳои кӯтоҳи ҷавонон “Дебют-2021” ва ҷоизаи миллии синамоии “Олтин Ҳумо” барпо гардид, ки дар ин чорабиниҳои синамоӣ директори Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” Маҳмадсаид Шоҳиён иштирок намуданд.
Маъмурияти “Тоҷикфилм”