ҲАМКОРИҲОИ МУШТАРАК ТАҚВИЯТ МЕЁБАНД.

Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм”   ҳамкориҳоро бо синамонигорони   Ӯзбекистон таҳким бахшида, таҳия ва наворбардории филмҳои ҳунарии муштаракро шурӯъ менамояд.

Дар доираи татбиқи Меморандуми ҳамкорӣ миёни Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ва Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон давраи омодагӣ барои филми ҳунарии муштараки “Ситораи ноаён” бо коргардонии Муҳаббат Сатторӣ дар ҳамкорӣ бо синамонигорони Ӯзбекистон оғоз мегардад.

Дар ин замина, 7-уми декабри соли 2021 миёни гурӯҳҳои эҷодии филми мазкур аз Тоҷикистону Ӯзбекистон мулоқоти маҷозӣ сурат гирифт. Таъкид гардид, ки шурӯи истеҳсоли филм оғозбахши ҳамкориҳои судманд дар соҳаи синамо мебошад.

Гурӯҳи эҷодии филм иборат аз 5 нафар аз Ҷумҳурии Тоҷикистон барои интихоби ҳунарпешаҳо барои нақшофарӣ, маконҳои наворбардорӣ, муаррифии филмнома ва дидору мулоқот бо гурӯҳи эҷодии ҷониби Ӯзбекистон аз 15-ум то 23-юми декабри соли 2021 ба шаҳрҳои Самарқанд, Бухоро ва Тошканд сафар менамояд.

Ҳамзамон, барои муаррифии филми дигари муштараки Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ва Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз рӯйи филмномаи Искандар Усмонов “Сангҳо ва об” гурӯҳи эҷодӣ иборат аз ду нафар аз 22-юм то 23-юми декабри соли 2021 ба шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар хоҳад намуд. Таҳия ва наворбардории филми муштараки “Сангҳо ва об” пас аз мувофиқа бо ҷониби Ӯзбекистон шурӯъ мегардад, ки ин дуюмин лоиҳаи муштарак миёни Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ва Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон маҳсуб меёбад.

Хотирнишон менамоем, лоиҳаи сеюми муштараки синамоӣ дар робита ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирӣ ва ҷонибдорӣ гардидааст, мавриди корбарӣ барои эҷоди филмнома миёни гурӯҳҳои кории ҳар ду ҷониб  қарор дошта, дар ин самт консепсияи филм омода шуд ва Меморандуми ҳамкорӣ ҷиҳати таҳияи филми ҳунарии таърихии “Ҷомӣ ва Навоӣ” ба тасвиб расид.

Дар маҷмӯъ, миёни Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ва Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон айни замон се лоиҳаи синамоӣ мавриди баррасӣ, омӯзиш ва корбарӣ қарор доранд, ки амалӣ шудани онҳо боиси таҳкими ҳамкориҳои судманд миёни филмбардорони тоҷику ӯзбек мегардад.

Маъмурияти “Тоҷикфилм”