«БАҲОРИ ХАЗОНРЕЗ»: БОЗ ЯК АСАРИ СИНАМОӢ РӮЙИ КОР ОМАД.
Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» рӯйи пардаи синамо овардани асару роман ва ҳикояю қиссаҳои адибону қаламкашони тоҷикро идома медиҳад.
Дар ин раванд, пас аз рӯйи пардаи синамо ҷилвагар гаштани ҳикояи Сайф Раҳимзоди Афардӣ «Додараки фариштаҳо» боз як асари синамоӣ «Баҳори хазонрез» аз рӯйи романи «Моҷарои зиндагӣ»-и Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳи Мирзо рӯйи навор оварда шуд.
Филм бо заҳмату талошҳои коргардони тоҷик Раҷабалӣ Пиров, наворбардор Шуҳрат Қурбонов, рассом Абдурашид Ҷалилов, оҳангсоз Амирбеки Мӯсо ва гурӯҳи эҷодию техникии Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» таҳия ва наворбардорӣ шудааст.
Дар филм ҳунарпешаҳои театру кинои тоҷик, ба монанди Қурбони Собир, Моҳпайкар Ёрова, Мавлона Наҷмиддинова, Умеди Султонмурод, Насриддини Нуриддин ва дигарон нақшҳои ҷолибу хотирмонро офаридаанд.
Филм воқеаҳои солҳои ҳафтодуми асри гузашта ва замони муосирро фаро гирифта, рӯзгори пурпечутоби мардуми тоҷикро бо маҳорати баланди касбӣ ба тамошобини закӣ намоиш медиҳад.
Ҳирси молу дунё ҷавонро ба кӯйи номуродиҳо мебарад. Меҳнатдӯстӣ, софдилӣ, поквиҷдонию ростқавлӣ, накӯкорӣ ҷанбаи мусбат ва ҷабру зулм, ҳисру ҳасад, бадтинатию фиребу найранг тарафи манфии қаҳрамонҳои филм маънидод мегардад.
Нахустнамоиши филми ҳунарии «Баҳор хазонрез» 4-уми феврали соли 2022, соати 16.00 дар кинотеатри «Ватан» барои доираи васеи алоқмандони синамо баргузор мегардад.
Бишитобед то аз тамошои филми миллӣ ҳаловат баред.
Маъмурияти «Тоҷикфилм»