ВОХӮРИИ НАВБАТИИ ГУРӮҲХОИ КОРИИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БАҲРИ ТАҲИЯИ ФИЛМИ ҲУНАРИИ ТАЪРИХИИ “ҶОМӢ ВА НАВОӢ”
05.01.2022 дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории Тоҷикистон Ӯзбекистон ҷиҳати амалисозии ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев оид ба таҳияи филми ҳунарии муштарак дар бораи дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек, хусусан дӯстию рафоқати Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ аз ҷониби Тоҷикистон директори Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” Маҳмадсаид Шоҳиён, Ғайбуллозода Толиб муовини якуми директор, Сафар Ҳақдодов раиси Иттифоқи синамогарон ва дигар кормандону эҷодкорон ва меҳмонон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон Рустам Ҷабборов филмноманавис, Фурқат Усмонов коргардон ва Шоҳрух Расулов барномасоз иштирок ва суханронӣ намуданд.
Бояд қайд кард, ки ғояи асосии филми таърихию ҳунарии «Ҷомӣ ва Навоӣ» пеш аз ҳама бозгӯйи муҳаббату самимияти ду миллати бузург, дар мисоли ду чеҳраи адабиву ирфонӣ –Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ ва таҷассумгари ташаккул ва таҳаввули дӯстию бародарии ду миллати ҳамсоя дар масири таърих мебошад.
То ин замон, дар ин самт аз ҳарду ҷониб гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуд ва таҳия, коркард ва эҷоди филмнома мавриди корбарӣ қарор дорад. Дар робита ба ин, 25-уми июни соли 2021 дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров бо иштироки роҳбарият ва аҳли эҷоди муассиса, адибону шоирон, олимону зиёиён, киношиносону мутахассисони соҳа вохӯрию судманд баргузор гардид.
Дар идома, миёни гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Ӯзбекистон доир ба таҳия ва омодасозии филмномаи филми муштараки ҳунарии “Ҷомӣ ва Навоӣ” ду маротиба вохӯрии маҷозӣ баргузор гардид.
Зимни вохӯриҳо доир ба зарурат, аҳамият, хусусияти вижа ва ғояи асосии филм табодули афкор сурат гирифт.
Гурӯҳи кории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз олимону донишмандони Академияи миллии илмҳо ва аҳли эҷоди Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” таъсис дода шудааст, аз 10-ум то 15-уми сентябри соли 2021 барои амиқан мавриди баррасию омӯзиш қарор додани масъалаи эҷоди филмномаи филми ҳунарии таърихии “Ҷомӣ ва Навоӣ” ба шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар намуд. Дар анҷоми мулоқоту вохӯриҳои судманд Изҳороти гурӯҳҳои муштараки корӣ қабул гардид.
Филмноманависи ӯзбек Рустам Ҷабборов, ки ҳаммуаллиф аз ҷониби Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъин шудааст, барои машварат ва мувофиқа, ибрози андешаю нуқтаи назари ҷониби Ӯзбекитсон доир ба таҳияи филмномаи филми ҳунарии таърихии “Ҷомӣ ва Навоӣ” аз 8-ум то 12-уми ноябри соли 2021 ба шаҳри Душанбе ташриф овард ва бо аҳли синамои тоҷик дидору мулоқотҳои судманд анҷом дод.
Лоиҳаи муштараки синамоӣ дар робита ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирӣ ва ҷонибдорӣ гардидааст, мавриди корбарӣ барои эҷоди филмнома миёни гурӯҳҳои кории ҳар ду ҷониб қарор дошта, то ин дам, дар ин самт консепсияи филм омода шуд ва Меморандуми ҳамкорӣ ҷиҳати таҳияи филми ҳунарии таърихии “Ҷомӣ ва Навоӣ” ба тасвиб расид.
Аз 15-ум то 24-уми декабри соли 2021 ҳаммуаллиф Сафар Ҳақдодов ва ҳамкоргардон Файзулло Файзов аз ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати идомаи корҳо вобаста ба эҷоди филмномаи филми таърихии ҳунарии “Ҷомӣ ва Навоӣ” дар шаҳри Тошканд қарор доштанд.
Бо даъвати киноконсерни “Ӯзбукфилм” ҷиҳати иштирок дар Шӯрои 3- юми директорони киностудияҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Гурҷистон аз 21-ум то 25-уми декабри соли ҷорӣ директори Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ба шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар намуд.
Зимни баргузории Шӯрои бадеии Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон гурӯҳҳои эҷодии ҳарду ҷониб муваззаф гардиданд, ки нусхаи пешнависи филмномаро (синопсис) бояд то 15-уми январи соли 2022 омода карда, барои баррасӣ ба Шӯрои бадеии ҳарду ҷониб пешниҳод намоянд.
Аз ин рӯ, гурӯҳҳои кории ҳарду ҷониб то 15-уми январи соли 2022 дар яке аз минтақаҳои истроҳатии Тоҷикистон нусхаи филмномаро омода хоҳанд намуд.
Бояд қайд кард, ки айни замон ду лоиҳаи синамоии муштарак, аз қабили филми ҳунарии таърихии “Ҷомӣ ва Навоӣ” ва филми ҳунарии “Ситораи ноаён” коргардон Муҳаббат Сатторӣ мавриди коркард ва таҳия қарор доранд, ки амалӣ шудани онҳо боиси таҳкими ҳамкориҳои судманд миёни филмбардорони тоҷику ӯзбек мегардад.
Маъмурияти “Тоҷикфилм”