НАХУСТНАМОИШИ “ДОДАРАКИ ФАРИШТАҲО”

28-уми январи соли 2022 дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров нахустнамоиши филми ҳунарии кӯтоҳи “Додараки фариштаҳо” барои доираи васеи алоқмандони синамо баргузор мегардад.
Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ҳикояи адиби шаҳири тоҷик Сайф Раҳимзоди Афардӣ “Додараки фариштаҳо”-ро бо коргардонии Умедшо Мирзоширинов ҳамчун филми бадеии кӯтоҳ рӯйи пардаи синамо овард.
Филм дар сатҳи баланд ва бо касбияти том рӯйи навор омада, заҳмати аҳли гурӯҳи эҷодӣ барабас нарафтааст. Ибораҳои “Онҳо фаришта ҳастанд…” ва ё “Оча дигар ба ман фаришта назой…” басо ҳассосу муассир барои тамошобин маънидод мегарданд. Мазмуну муҳтаво ва фалсафаи ҳикояи адиб Сайф Раҳимзоди Афардӣ дар пардаи синамо ба таври ҷолиб ҳувайдо шуда, нақшофарии ҳунарпешаҳо, махсусан қаҳрамони асосии филм писарбача, кори коргардон, наворбардор, танзим хеле хуб ва мусиқии филм ба шакли таҷзияи мусиқии миллию ҷаҳонӣ иҷро шудаанд, ки боиси ҷолибу тамошобоб шудани филм гардидааст.
Дар соли 2021 ин чорумин филми ҳунарии кӯтоҳи Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” буд, ки рӯйи навор оварда шуд.
Маъмурияти “Тоҷикфилм”