ВОХӮРӢ ДАР “ТОҶИКФИЛМ”
Дар Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” 7-уми феврали соли 2022 бо дархости вобастаи масоили фарҳангии Сафорати Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Эва Тозе бо муовини якуми директори Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” Ғайбуллозода Толиб вохӯрӣ баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ доир ба тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни синамонигорони тоҷику фаронсавӣ, тарбияи кадрҳо, ривоҷу равнақи соҳаи синамо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, офаридани филмҳои муштарак, таҳкими равобити фарҳангию синамоӣ, баргузор намудани Рӯзҳои кино, ҷиҳати муаррифии таъриху фарҳанг ва синамои миллӣ ба алоқамандони синамои хориҷӣ ба роҳ мондани тарҷума ва дубляжи филмҳои тоҷикӣ ба забони фаронсавӣ ва филмҳои фаронсавӣ ба забони тоҷикӣ ва дигар чорабиниҳои синамоӣ ибрози ақида карда шуд.
Қайд гардид, ки таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи синамо барои муаррифии миллат дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат хоҳад намуд.
Дар идома хонум Эва Тозе аз кинотеатри навсозишудаи ба номи Тоҳир Собиров дидан карда, ин толори барҳаворо ҷиҳати баргузории чорабиниҳои синамоӣ ва фарҳангӣ ба мақсад мувофиқ арзёбӣ намуд.
Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум ва хотирмон сурат гирифт.
Маъмурияти “Тоҷикфилм”