ИДОМАИ КОРҲОИ СОЗАНДАГӢ ДАР «ТОҶИКФИЛМ».

Дар доираи корҳои бунёдкорию созандагӣ бо мақсади  ба талаботи замон мутобиқсозии иншооти мавҷуда дар ҳудуди Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» иқдомоти ободонӣ амалӣ гардида, корҳои таъмиру тармим идома доранд.  

Дар ин замина, навсозии фаввора ва маҷмааи «Ахтари хотира» ба нақша гирифта шуда, сангфаршкунии атрофи фаввора ва роҳравҳои саҳни «Тоҷикфилм» оғоз шудааст.    

Барқарорсозии иншооти мавҷуда ва  сангфаршкунии роҳравҳо минбаъд барои пазироии меҳмонон ва синамонигорони берунмарзӣ, дар сатҳи баланди омодагию ташкилӣ баргузор намудани    Рўзҳои кинои кишварҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, синамоҷашнвораҳо ва дигар чорабиниҳои синамоию фарҳангӣ нигаронида шуда, тақозои замон арзёбӣ мегардад.

Маъмурияти «Тоҷикфилм»