ПАВИЛИОНИ «ТОҶИКФИЛМ» БАРОИ ФИЛМБАРДОРӢ ОМОДА МЕШАВАД.

Дар доираи корҳои ободонию созандагӣ павилионҳо ва долони ошёни дуюми бинои асосии Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» мавриди таъмиру тармим қарор дода мешаванд.
Корҳои таъмиру навсозӣ дар павилиони маъруф ба номи «Шаҳрзода» ва долони ошёнаи дуюм идома дошта, долони ошёнаи якуми бинои асосӣ пурра таъмиру азнавсозӣ карда шуд.
Барқарорсозии павилион минбаъд барои наворбардории саҳнаҳои филмҳо ва баргузории дигар чорабиниҳои синамоию фарҳангӣ равона гардида, рӯйи навор овардани саҳнаҳои алоҳидаи филми ҳунарии таърихии муштараки «Ҷомӣ ва Навоӣ» дар ҳамин павилион дар назар дошта шудааст.
Маъмурияти «Тоҷикфилм»