ҲАФТАИ СИНАМОИ ТОҶИК ДАР МАЛАЙЗИЯ

Вобаста ба  таҳкими муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Малайзия моҳи марти соли 2022 бо мақсади тарғибу муарррифии фарҳангу санъат ва таъриху тамаддуни миллати куҳанбунёди тоҷик ба ҷаҳониён дар Малайзия ҳафтаи синамои Тоҷикистон баргузор мегардад.

Дар ин замина, филмҳои ҳунарии «Рустам ва Суҳроб» коргардон Борис Кимягаров, «Муаллим» коргардон Носир Саидов, «Сафари ҳавоӣ» коргардон Далер Раҳматов ва филми тасвирии «Зани Порсо» дар шаҳри Куала-Лумпур барои алоқамандони синамо намоиш дода мешаванд.

 Намоиши филмҳо имконият медиҳад, ки сокинони Малайзия ба санъати синамои тоҷик ошноӣ пайдо кунанд.

Маъмурияти «Тоҷикфилм»