РӮЗҲОИ КИНОИ ҶУМҲУРИИ БЕЛАРУС ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

31-уми марти соли 2022 Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Белорус дар Тоҷикистон дар кинотеатри “Наврӯз” расман ифтитоҳ мегарданд. Дар ин замина, филмҳои истеҳсоли Беларус барои алоқамандони синамо дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон, Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ намоиш дода мешаванд.
Алоқамандони синамои миллӣ метавонанд аз ин филмҳо дидан намоянд.
Нақшаи намоиши филмҳо замима мегардад.
Нишасти матбуотӣ оид ба баргузории Рӯзҳои кино 30-юми марти соли 2022 соати 14:00 дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров барои рӯзноманигорону мухбирони Васоити ахбори омма пешбинӣ шудааст.
Маъмурияти«Тоҷикфилм»
доираи баргузории Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
30.03.2022-01.04.2022
Р/т | Макони намоиш | Номи филм | Сана ва замони намоиш |
1 | ноҳияи Файзобод, кинотеатри «Рӯдакӣ» | «Замони ҷанг одам будан» | 30.03.2022, соати 10:00 |
2 | шаҳри Душанбе, кинотеатри «Наврӯз» | «Ахтарони осмони ҳафтум» | 31.03.2022, соати 19:00 |
3 | шаҳри Душанбе, кинотеатри «Ватан» | «Ахтарони осмони ҳафтум» | 31.03.2022, соати 10:00 |
4 | вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд, Қасри фарҳанг | «Моҷароҳои Прантиш Вирвич» | 31.03.2022 соати 10:00 |
5 | вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд, Қасри ҷавонон | «Арвоҳи Киндервил» | 01.04.2022, соати 15:00 |
6 | Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, шаҳри Хорӯғ, Театри вилоятӣ | «Қисмати тахрибкор» | 31.03.2022 соати 10:00 |
7 | вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар, кинотеатри Лоҳутӣ | «Қисмати тахрибкор» | 31.03.2022 соати 10:00 |
8 | шаҳри Душанбе, кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров | «Арвоҳи Киндервил» | 01.04.2022, соати 11:00 |
9 | шаҳри Душанбе, кинотеатри «Зебуннисо» | «Қисмати тахрибкор» | 01.04.2022, соати 15:00 |
10 | шаҳри Њисор, Қасри фарҳанг | «Моҷароҳои Прантиш Вирвич» | 01.04.2022, соати 14:00 |