РӮЗҲОИ КИНОИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

30-юми марти соли 2022   дар кинотеатри “Наврӯз” бо мақсади тақвияти ҳамкориҳо бо синамонигорони ӯзбек ва манзури алоқамандони синамо намудани филмҳои истеҳсоли Ӯзбекистон Рӯзҳои кинои Ӯзбекистон дар Тоҷикистон  ифтитоҳ мегарданд. Муддати се рӯз филмҳои гуногунжанри истеҳсоли Ӯзбекистон дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон, Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ намоиш дода мешаванд. 

Алоқамандони синамои миллӣ метавонанд аз ин филмҳо дидан намоянд.

Нақшаи намоиши филмҳо замима мегардад.

Нишасти матбуотӣ оид ба баргузории Рӯзҳои кино 30-юми марти соли 2022 соати 14:00 дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров барои рӯзноманигорону мухбирони Васоити ахбори омма пешбинӣ шудааст. 

Маъмурияти«Тоҷикфилм»

 

Намоиши филмҳои истеҳсоли Ҷумҳурии Ўзбекистон дар
доираи баргузории Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Ўзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
30.03.2022-01.04.2022

Р/т

Макони намоиш

Номи филм

Сана ва 

замони намоиш

1

шаҳри Душанбе, кинотеатри «Наврӯз» 

«Хатсайри 101»

30.03.2022, соати 19:00

2

шаҳри Душанбе, кинотеатри «Зебуннисо»

«Ифтихори Нафиса»

30.03.2022, соати 16:00

3

шаҳри Душанбе, кинотеатри «Ватан»

«Ҳусниддини моҳир»  

31.03.2022, соати 16:00

4

шаҳри Норак, Қасри фарҳанг

«Хатсайри 101»

31.03.2022, соати 10:00

5

шаҳри Ҳисор, Қасри фарҳанг

«Асорат»

31.03.2022, соати 10:00

6

Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, шаҳри Хорӯғ, Театри вилоятї

«Тӯйи якрӯза»

31.03.2022,

 соати 14:00

7

вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар, кинотеатри Лоҳутї

«Тӯйи якрӯза»

31.03.2022,

 соати 14:00

8

вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд,  Қасри фарҳанг

«Хатсайри 101»

31.03.2022, 

соати 15:00

9

вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд, Кохи Лоиқ

«Асорат»

01.04.2022, соати 10:00

10

шаҳри Роғун, кинотеатри «Роғун» 

«Тӯйи якрӯза»

01.04.2022, соати 11:00