РӮЗҲОИ КИНОИ ҶУМҲУРИИ БЕЛАРУС ДАР ТОҶИКИСТОН ШУРӮЪ ШУД.

31-уми марти соли 202 дар кинотеатри “Наврӯз” якумин Рӯзҳои кинои Беларус бо баргузории барномаи консертӣ ва иштироки синамонигорон, корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, собиқадорони сиёсату фарҳанг ва алоқамандони синамо доир гардид.

Истиқболи меҳмонон дар даромадгоҳи Кохи Наврӯз дар фазои мутантан сурат гирифта, дар кинотеатри “Наврӯз” маросими расмии ифтитоҳи Рӯзҳои кинои Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Меҳмононро директори Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” хайрамақдам гуфта, доир ба ҳмкориҳои судманди синамонигорони тоҷику беларус изхори  назар намуд.

Директори генералии киностудияи “Беларусфилм” Карачевский Владимир Михайлович барои меҳмоннавозӣ ба мардуми тоҷиқ сипосгузорӣ намуда,    аз дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди соҳа ва баргузории чорабиниҳои синамоӣ   изҳори миннатдорӣ кард.

Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Беларус дар Тоҷикистон бо намоиши филми тасвирии  “Ахтарони осмони ҳафтум”, ки бо коргардонии Елена Турова рӯйи кор омадааст, оғоз гардид.

Хотирнишон менамоем, ки дар доираи баргузории чорабиниҳои синамоӣ филмҳои истеҳсоли Беларус дар тамоми минтақаҳои кишвар намоиш дода мешаванд.

Маъмурияти “Тоҷикфилм”