РӮЗҲОИ КИНОИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ДАР ТОҶИКИСТОН РАСМАН ОҒОЗ ГАРДИД.
30.03.2022 дар кинотеатри «Наврӯз» маросими расмии Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ гардид.
Дар даромадгоҳи Кохи Наврӯз меҳмононро бо навои таблу тарона ва рақсҳои диошуб дар фазои танантавӣ пешвоз гирифтанд. Кинотеатри «Наврӯз» фазои идона ба бар карда, алоқамандони синамо, киношиносону мутхассисон, синамонигорон ва собиқадорон ба ҳам омаданд, то Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ҳусни оғоз бахшанд.
Директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ҳайати синамонигорони кишварҳои ИДМ-ро ба Тоҷикистони биҳиштосо хайрамақдам гуфта, баргузории чорабинии мазкурро ҷиҳати таҳкими робитаҳои судманд миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон нек арзёбӣ намуд.
Директори генералии Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва ҳайати бонуфузи ҳунарпешагону коргардонҳои кишвари дӯсту ҳамҷавор аз пазироӣ ва истиқболи самими халқи тоҷик изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.
Барномаи консерти бо иштироки ҳунармандону дастаҳои ҳунарӣ хотири ҳозирин ва меҳмононро шоду масрур намуд.
Намоиши филми ҳунарии «Хатсайри 101» оғозбахши Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон гардид.
Муддати се рӯз дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар филмҳои истеҳсоли Ӯзбекистон барои алоқамандону дӯстдорони кино намоиш дода мешаванд.
Хотирнишон менамоем, ки пагоҳ 31-уми марти соли 2022 соати 18:00 дар кинотеатри «Ватан» намоиши филми ҳунарии «Асорат» баргузор мегардад.
Шитобед то аз тамошои филм бебаҳра намонед.
Маъмурияти «Тоҷикфилм»