ШУРОИ IV ДИРЕКТОРОНИ КИНОСТУДИЯҲОИ ИДМ ВА ГУРҶИСТОН

31-уми марти соли 2022 дар Китобхонаи миллӣ Шурои IV директорони киностудияҳои Иттиҳоди давлатҳои Мустақил ва Гурҷистон баргузор гардид.

Дар кори Шуро директорони киностудияҳои “Тоҷикфилм”, “Беларусфилм”, “Ӯзбекфилм”, “Қазоқфилм” ва Ҷамъяити саҳомии “Студияи филмҳои мустанади Санкт-Петербург” ва директори генералии Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон  иштирок намуданд. Намояндагони “Грузия-филм”, “Туркменфилм”, “Арманфилм”, “Озарбойҷонфилм” ва маркази кинематографияи Молдова тариқи маҷозӣ муколама намуданд.

Дар оғоз муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Шурои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ Сатториён Матлубахон аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳмононро ба кишвари биҳиштосоямон хайрамақдам гуфта, ба кори Шуро барору комёбӣ орзу намуд.  

 Тибқи  рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои ҳамкорӣ, табодули таҷриба дар филмофарии муосир ва офаридани филмҳои муштарак     баррасӣ карда шуданд.

Дар хотимаи Шуро миёни Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» бо Киностудияи миллии «Белорусфилм» ва Иттиҳодияи эҷодӣ – истеҳсолии «Студияи филмҳои ҳуҷҷатии Санкт – Петербург»,    Киностудияи миллии «Белорусфилм» бо Иттиҳодияи эҷодӣ – истеҳсолии «Студияи филмҳои ҳуҷҷатии Санкт – Петербург»   Меморандуми ҳамкорӣ ба тасвиб расид. 

Маъмурияти “Тоҷикфилм”