БУЗИ ПАРМАШОХ ҲАЙВОНИ НОДИРИ ТАБИАТИ НОТАКРОРИ ТОҶИКИСТОН ДАР ПАРДАИ СИНАМО

Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳайвоноти нодир ва табиати нотакрори диёри зебоманзари Тоҷикистон филми мустанад таҳия ва рӯйи навор меоварад.

Таҳия вав наворбардории филм аллакай шурӯъ гардида, олами флора ва фауна, инчунин манзараҳои зебою дилнишин ва табиати нотакрори кишварро рӯйи пардаи синамо ҷилвагар хоҳад сохт.

Бузи пармашох, ки яке аз ҳайвоноти нодири кишвар маҳсуб ёфта, дар мамнугоҳи «Даштиҷум» нигоҳубину парвариш меёбад, маҳаки асоси филм маънидод мегардад.

Гурӯҳи эҷодию техникии Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» баҳри аз наздик шиносоӣ пайдо намудану наворбардорӣ аз тарзи зисту зиндагонии ин ҳайвони камшумул ба минтақаи Даштиҷум сафари корӣ анҷом дода, куҳҳои сарбафалаккашида, манзараҳои дилфиреб ва дараву макони хушобу ҳавои ин гӯшаи диёрро рӯйи сафҳаи дурбинҳои наворбардорӣ мунаққаш сохтанд, ки дар пардаи синамо  басо ҷолибу дилангез таҷассум хоҳад гашт.

Ҳадаф аз таҳияи филми мустанад ифшои розҳои нуҳуфтаи  табиати афсункори Тоҷикистон ва олами набототу ҳайвонот ҷиҳати ҷалби бештари сайёҳону ҷаҳонгардон арзёбӣ мегардад. 

Филм бо се забон таҳия гардида, барои тамоми алоқамандони синамо пешбинӣ мешавад.

Маъмурияти «Тоҷикфилм»