ВОХӮРӢ ДАР «ТОҶИКФИЛМ»

29-уми июни соли 2022 директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён  сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Мишел Тарранро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт.

Зимни вохӯрии самимӣ доир ба таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи синамо ибрози андеша карда шуд.

Ҷонибҳо барои тавсеа ва тақвияти ҳамкорию равобити судманди кинематографистони тоҷику фаронсавӣ мавҷуд будани заминаи мусоидро   муҳим арзёбӣ намуданд.

Ба роҳ мондани таҳия ва наворбардории филмҳои муштарак, баргузории чорабиниҳои синамоӣ,ҳамзамон ташкили рӯзҳои кино мавриди муҳокима ва мубодилаи афкор қарор дода шуд.

Таъкид гардид, ки бо мақсади рушди устувори ҳамкориҳо   баргузор намудани ҷашнвораи филмҳои тоҷик ва фаронсавӣ дар Тоҷикистон ва минбаъд дар Фаронса боиси огоҳию шиносоии алоқамандони синамои асили ҳарду ҷониб аз филмҳои баландмазмуну тамошобоби кишварҳои дӯст дарак хоҳад дод.

Марҳилаи аввали баргузории ҷашнвораи филмҳои тоҷику фаронса охири моҳи август ва ибтидои моҳи сентябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шуда, аввалҳои соли 2023 баргузории чорабинии мазкур дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса дар назар дошта шудааст.

Вохӯрӣ дар фазои ҳусни тафоҳум ва ҳамдигарфаҳмӣ анҷом пазируфт.

Маъмурияти “Тоҷикфилм”