САФАРИ ҲАЙАТИ “ТОҶИКФИЛМ” БА ШАҲРИ ЕРЕВАН
Аз 21-ум то 26-уми июни соли 2022 дар шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон бо ибтикори вазорати маориф, илм, фарҳанг ва варзиши Арманистон дар ҳамкорӣ бо Хазинаи байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарии давлатҳои ИДМ “Семинари байналмилалии кишварҳои ИДМ “Солид Арт. Ҳунари муосир ва идораи давлатӣ” баргузор гардид. Дар кори семинар дар қатори ҳайатҳо аз кишварҳои ИДМ ҳайати Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” иборат аз сармуҳаррир Назар Назаров ва сармутахассиси шуъбаи ҷалби грантҳо ва ташкили синамоҷашнвораҳо Ҷовидон Маҳмадов иштирок намуданд.
Зимни семинар мавзуҳои муҳиму мубрами соҳа, аз қабили Мероси фарҳангӣ: ҳифозат ва байналмилалӣ кардани мероси синамои миллӣ ва истеҳсоли филмҳои муштараки кишварҳои иштирокчӣ мавриди муҳокимаю мубоҳиса қарор дода шуданд.
Назар Назаров сармуҳаррири Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” оид ба мавзӯйи “Истеҳсоли филмҳои муштарак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ибрози андеша карда, доир ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ва истеҳсоли филмҳои муштараки Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” бо кинематографистони хориҷӣ дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба иштирокчиёни семинар маълумоти муфассал манзур намуд.
Ҳамарӯза, зимни муҳокимаронию баромадҳо баҳсҳои ҷолиб сурат гирифта, миёни иштирокчиёни семинар муколамаи судманд ба роҳ монда шуд.
Таъкид гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳои синамоӣ барои рушду инкишоф ва таҳкими ҳамкориҳои судманд миёни синамонигорони кишварҳои ИДМ заминаи мусоид фароҳам меоварад.
Дар анҷоми семинар барои баромадҳои пурмуҳтаво ба сухангӯён сипоснома ва барои дигар иштирокчиён сертификат тақдим гардид.
Маъмурияти «Тоҷикфилм»