ҚАДРДОНӢ

Дар доираи баргузории Синамоҷашнвораи байналмилалии Тошканд «Дурдонаи роҳи абрешим» барои  саҳми арзанда дар рушди соҳаи синамо,   касбияти воло, фаъолияти маърифатӣ, заҳмати бисёрсолаи поквиҷдонона,  комёбиҳои назаррас,  ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд ва таҳкими робитаҳои дӯстона директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён бо нишони «Ходими шоистаи кинематография» («KINEMATOGRAFIYA FIDOKORI»)   сарфароз гардиданд, ки боиси ифтихор ва сарбаландӣ мебошад.

Мукофотро пеш аз ҳама ба мавсуф ва барои ҳамаи аҳли фарҳану синамо   муборакбод мегӯем.

Маъмурияти «Тоҷикфилм»