ҚАРОРДОДИ ФИЛМИ ҲУНАРИЮ ТАЪРИХИИ МУШТАРАКИ «ҶОМӢ ВА НАВОӢ: ДУРАХШИ АХТАРОН» БА ИМЗО РАСИД.
15-уми сентябри соли 2022 дар шаҳри Тошканд дар доираи XIV Синамоҷашнвораи байналмилалии «Дурдонаи роҳи абрешим» Қарордод доир ба истеҳсоли муштараки филми ҳунарию таърихии «Ҷомӣ ва Навоӣ: Дурахши ахтарон» миёни Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар шахсияти директор Маҳмадсаид Шоҳиён ва Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Ўзбекистон дар шахсияти директори генералӣ Абдухолиқов Фирдавс Фридунович ба тасвиб расид. Роҳбари бадеии лоиҳаи мазкурро коргардони маъруфи ҷаҳонӣ Люк Бессон ба зимма гирифтааст.
Тафсилоти бештар баъдан пешкаш мегардад.
Маъмурияти «Тоҷикфилм»