СИНАМОҶАШНВОРАИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ ДАР МУМБАЙ БАРГУЗОР МЕГАРДАД.

Аз 27-ум то 31-уми январи соли 2023 дар шаҳри Мумбайи Ҷумҳурии Ҳиндустон Синамоҷашнвораи байналмиллалии кишварҳои аъзои Созмон ҳамкории Шанхай баргузор мегардад.

Директори Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” Маҳмадсаид Шоҳиён  дар чорабинии сатҳи байналмилалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ ва намояндагӣ карда, ба ҳайси довар дар бахши озмунии синамоҷашнвора иштирок менамояд.

  Ҷараёни иштирок ва рақобат дар бахши озмунии синамоҷашнвора филмҳои ҳунарии «Дов» коргардон Муҳиддин Музаффар, «Охирин сайди сайёд» коргардон Муҳаммадрабӣ Исмоил ва «Роҳ» коргардон Носир Саидов пешниҳод гардида, дар бахши ғайриозмунии синамоҷашнвора филми кӯтоҳи ҳунарии «Этюд» коргардон Мумин Қодиров намоиш дода хоҳанд шуд.

Синамоҷашнвораи кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай  бо мақсади барқарорсозии ҳамкориҳои синамонигорӣ таъсис ёфта, ҳамчун воситае миёни фарҳангҳои мухталифи кишварҳои аъзои ин ниҳоди байналмилалӣ хизмат менамояд.  Филмҳое, ки  дар синамоҷашнвора намоиш дода мешаванд, ба алоқамандони синамо имкон фароҳам меорад, ки аз фарҳангҳои гуногун бархӯрдор шаванд ва барои мардуми кишварҳои аъзои созмон равзанаи ошноии ҳамдигар маънидод мегардад.

Дар бахши озмунии синамоҷашнвора филмҳо аз ҳашт кишвари аъзо пешниҳод гардида, миёни ҳам   рақобат менамоянд ва дар бахши ғайриозмунӣ филмҳо барои алоқамандони синамо намоиш дода мешаванд.

Хотирнишон месозем, ки айни замон ҳашт кишвар (Чин, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Покистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон) аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, се давлат ба ҳайси нозир (Беларус, Эрон ва Муғулистон) ва 14 мамлакат (Арманистон, Озарбойҷон, Камбоҷа, Непал, Шри-Ланка, Миср, Арабистони Саудӣ, Қатар, Баҳрайн, Қувайт, Малдив, Мянма, Аморати Мутахидаи Араб ва Туркия) ҳамчун шарикон оид ба муколама маҳсуб меёбанд.

Маъмурияти “Тоҷикфилм”