“АЛИФБО” ДАР ПАРДАИ СИНАМО

Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм”   филми тасвирии “Алифбо”-ро  омода намуд.

Силсилафилми тасвирии “Алифбо” иборат аз 35 қисм, ки  ба ҳар як ҳарфи алифбои забони тоҷикӣ бахшида шудааст, ҷиҳати омӯзиш ва азхудкунии забони давлатӣ барои кӯдакону наврасони дохилию хориҷӣ   муҳим арзёбӣ мегардад.

Силсилафилми тасвирии “Алифбо” муаллифи филмнома Умеда Раҳимова, коргардон Насруллозода Фирдавс, рассоми Сангмамад Ошуров, аниматорон Амирхуҷа Юсупов, Шаҳром Толибзода, танзимгар Ҳусейн Азизов мебошад.

Филм дар шакли тасвирӣ ва бо мисолҳои аёнӣ омӯхтани ҳарфҳои забони тоҷикиро ба кӯдакону наврасон ва хоҳишмандон осону муносиб гардонидааст.

Филм барои намоиш ва тамошо ба муассисаҳои томактабӣ, кӯдакистону боғчаҳои бачагона, хоҳишмандон ва шабакаҳои телевизион  тавсия дода мешавад.

Филми тасвирии “Алифбо”-ро аз Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” дастрас кардан мумкин аст.

Маъмурияти “Тоҷикфилм”