ГУРӮҲИ ЭҶОДИИ ФИЛМИ ҲУНАРИИ ТАЪРИХИИ МУШТАРАКИ “ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ” ТАҲТИ РОҲБАРИИ ДИРЕКТОРИ АГЕНТИИ КИНЕМАТОГРАФИЯИ ҶУМҲУРИИ УЗБЕКИСТОН БА ШАҲРИ ДУШАНБЕ ОМАД.

9-уми июни соли 2023  бо мақсади муаррифӣ ва пешниҳоди филмномаи коргардонӣ ва баррасию муҳокимаи дигар масъалаҳои марбут ба филми ҳунарии таърихии муштараки “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” гурӯҳи эҷодии филм таҳти роҳбарии директори Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Узбекистон ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд.

Дар ин сафар директори Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Узбекистонро муаллифи филмнома Рустам Ҷабборов ва коргардони Дилмурод Масаидов ҳамроҳӣ намуда, дар ҳамкорӣ бо ҳамтоёни тоҷики худ масоили марбут ба таҳия ва наворбардории филмро дар асоси нақшаи чорабиниҳо аз 27.02.203 мавриди муҳокимаю баррасӣ қарор медиҳанд.

Дар ин замина, директори Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” Маҳмадсаид Шоҳиён бо директори Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Узбекистон Абдухолиқов Фирдавс Фридунович дидору мулоқот анҷом дод.

Зимни вохӯрӣ масоили ҳамкориҳои муштарак ва равобиту муносиботи ҳасанаи синамогарони  тоҷику узбек мавриди муҳокимаю баррасӣ гирифта, ҷиҳати таҳкиму тақвияти ҳамкориҳо дар оянда изҳори андеша карда шуд.

Дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров бо иштироки  гурӯҳҳои эҷодии ҳар ду ҷониб ва дигар мутахассисони соҳа филмномаи коргардонӣ тариқи аёнӣ (слайд-шоу) муаррифӣ ва пешниҳод карда шуд.

Таъкид гардид, ки то ин замон аз ҳар ду ҷониб кастинг-интихоби ҳунарпешаҳо барои нақшофарӣ, интихоби маконҳои наворбардорӣ, коркард ва пешниҳоди филмномаи коргардонӣ амалӣ карда шуд.

Таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи ангоравии либосҳо, пешниҳоди реквизитҳо, омода намудани нақшаи тақвими таҳиявӣ ва харҷномаи филм идома дошта, дар асоси Нақшаи чорабиниҳо дар муҳлати муқаррраршуда манзур карда хоҳанд шуд.

 Хотирнишон менамоем, ки бо  ташаббуси   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев   дар бораи дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек,   хусусан дӯстию рафоқати Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ филми ҳунарӣ рӯйи навор оварда мешавад.

 Ғояи асосии филми   ҳунарии «Ҷомӣ ва Навоӣ»  пеш аз ҳама бозгӯйи муҳаббату самимияти ду миллати бузург, дар мисоли ду  чеҳраи адабиву ирфонӣ –Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ   ва таҷассумгари  ташаккул ва таҳаввули дӯстию бародарии ду миллати ҳамсоя дар масири таърих мебошад, ки аз ҷониби Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ва Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон амалӣ карда мешавад. 

Сафари гурӯҳи эҷодии филми ҳунарии таърихии муштараки “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” то 12-уми июни соли равон идома меёбад.

Маъмурияти “Тоҷикфилм”