НАХУСТНАМОИШИ ФИЛМИ ҲУНАРИИ “СЕ ХОҲАРОН…”

31-уми майи соли 2023 дар арафаи Рӯзи байналмилалии кӯдакон дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров нахустнамоиши филми ҳунарии “Се хоҳарон…”-и Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм”, ки бо коргардонии Муҳаммадрабии Исмоил рӯйи навор омадааст, баргузор гардид.

Дар нахустнамоиш алоқамандони синамо, мутахассисони соҳа ва гурӯҳи эҷодии филм иштирок ва аз тамошои филми нав лаззат бурданд.

   Қисмати се хоҳари  аз модар маҳруммонда, ба хонаи кӯдакон афтодани хоҳарони дугоник,  рӯзгори пурпечутоби падар, ҳамқисмати модар гардидани хоҳари калонӣ, фарзандхон гардидани дугоникҳо ва оқибат дарёфтани оилаи аслӣ муҳтавои асосии филм мебошад.  Саҳнаҳои риққатовару эҳсосотии филм боиси боз ҳам ҷолибу диданибоб шудани он гардида, ба рӯҳияи тамошобин созгор арзёбӣ мегардад. Ҳунарпешаҳои касбӣ ва нақшофарони ҳаваскор аз уҳдаи иҷрои вазифаи хеш ба хубӣ баромадаанд ва хусусан, нақшофарии дӯстрӯякони дугоник хеле табиӣ ва ҷолиб ҳувайдо гардидааст.   Филм хусусияти тарбиявӣ дошта, ҷиҳати тарғибу баланд гардидани арзишҳои олии ахлоқию инсонӣ ба маврид мебошад.    Филм барои доираи васеи алоқамандони синамо, махсусан,   наврасону кӯдакон пешбинӣ шудааст. 

 Муаллифони филмнома Заринаи Акрамдухт, Давлатмурод Каримов, коргардони таҳиягар Муҳаммадрабии Исмоил, наворбардори таҳиягар Наврӯз Саидов, рассоми таҳиягар Лутфулло Неъматов, оҳангсоз Далер Султонов, танзимгар Алиҷон Ҷалилов, коргардони овоз Амриддин Ибодов, коргардони дубляж Хуршед Нуров, продюсер Маҳмадсаид Шоҳиён, директори филм Суҳроб Юсупов маҳсуб меёбанд, ки дар таҳия ва наворбардории илми ҳунарии “Се хоҳарон…”, саҳми арзанда гузоштаанд.

 Ҳунарпешаҳо Дилбар Умарова, Лутфулло Давлатов, Саодат Азизова, Баҳром Обидов, Мавлона Наҷмиддинова, Зарринаи Хушбахт, Некқадам  Шоназаров ва нақшофарони ҳаваскору ҷавон Аниса Маҳмадалиева, Муниса Маҳмадалиева, Фотима Маҳмадалиева, Зуҳро Маҳмадалиева  ва дигарон дар филм нақшҳо офаридаанд.

Намоиши филм рӯзҳои наздик дар кинотолорҳо ба роҳ монда мешавад.

Филми навро дар пардаи синамо мунтазир бошед!

Маъмурияти “Тоҷикфилм”