“ТОҶИКОН” ФИЛМИ МУСТАНАДИ “ТОҶИКФИЛМ”

Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” доир ба таъриху фарҳанги халқи тоҷик ва саҳми миллати тоҷик дар рушду пешрафти фарҳангу тамаддуни умумибашарӣ таҳия ва наворбардории филми мустанади “Тоҷикон”-ро бо коргардонии Рустам Шоазимов оғоз намуда, наворбардорӣ, бандубаст, танзим, садогузорию оҳансозии филм идома дорад.

Филм бо арқому далелҳо саҳми миллати тоҷикро дар пайдоиш, рушд ва тавсеаи тамаддуни умумиҷаҳонӣ дар пардаи синамо инъикос намуда, таърих ва  фарҳанги оламшумули халқи тоҷикро рӯйи сафҳаи синамо мунаққаш месозад.

Филм бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ рӯйи кор омада, ҷиҳати муаррифии таъриху фарҳанги  миллати тоҷик ба оламиён саҳми бориз хоҳад дошт.

“Тоҷикон”-ро дар пардаи синамо интизор бошед!!!

Маъмурияти “Тоҷикфилм”