ШУМОРАИ НАВБАТИИ МАҶАЛЛАИ «КИНО» НАШР ШУД.

Шумораи навбатии маҷаллаи илмӣ, бадеӣ ва оммавии «Кино», ки нашрияи расмии Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» маҳсуб меёбад, дар матбааи «Орбита» бо сифати баланд рӯйи чоп омад.

Маҷаллаи «Кино» рӯйдоду воқеаҳои марбут ба филмбардорӣ ва соҳаи кинои ватанию ҷаҳониро бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ манзури алоқамандони синамо намуда, хонандаро ба олами санъати синамо ворид месозад.

Доир ба рӯзгору осори ходимони санъату фарҳанг, ҳунарпешаҳо, коргардонҳои маъруфу ҷавон, филмҳои муосир, чорабиниҳои синамоӣ, тақвияти ҳамкориҳои судманди муштарак, ёдоварӣ аз собиқадорони соҳа, гиромидошти хотираи гузаштагон матолиби ҷолибе дар шумораи навбатии маҷаллаи «Кино» гирдоварӣ шудааст, ки барои хонанда ва ҳаводорони синамо манбаи омӯзишу ошноӣ арзёбӣ мегардад.

Шумораи навбатии маҷаллаи «Кино»-ро аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дастрас кардан мумкин аст.

 Маълумоти бештарро  тавассути телефони 221-71-50 ва ё сомонаи www.tojikfilm.tj   гирифта метавонед.

Маъмурияти «Тоҷикфилм»