СУҲБАТИ АБДУЛҚОДИРИ РАҲИМ, ХАБАРНИГОРИ РӮЗНОМАИ “ҶУМҲУРИЯТ” БО МАҲМАДСАИД ШОҲИЁН, ДИРЕКТОРИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ “ТОҶИКФИЛМ”.
– Мехоҳам суҳбатро аз имтиҳони қабул дар Донишкада, дар назди шахсияти бузурги олами ҳунар, мусиқии касбӣ, Артисти халқии СССР оғоз бахшед. Овоз, суруд хонданатон сабаб гардид, ки баҳои аъло бигиред. Чӣ эҳсосе дар Шумо пайдо мешуд, агар ин имтиҳонгирандаро мешинохтед?
– Омӯзиш дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба сайқал ёфтани маҳорати Шумо то куҷо таъсир гузоштааст? Пурсиш ба ин хотир мебошад, ки дар адабиёт, ки як навъ санъат ба шумор меравад, ин ҳақиқатро бебаҳс мепазиранд: «Қабули хотиру лутфи сухан худодод аст».
– Иҷрои нақши Восеъ дар филми «Ашк ва шамшер» ҳунари худододи шуморо аён сохт. Дар кушодани ин образ то куҷо коргардон саҳм дораду то куҷо худи Шумо?
– Бисёре аз тамошогарон пиндоштанд, ки офаридани нақши Восеъ қуллаи баландтарини эҷодатон аст, аммо нақши офаридаатон дар филми «Кӯҳистонӣ» синамои миллиро як зина боло бурд. Бо дидани Абдушукур – падарандари Меҳрубон дар филми «Дар орзуи падар» дарёфтанд, ки чунин набудааст. Дар ҳақиқат, саҳми Шумо дар офаридани образу характерҳои миллӣ махсус қобили зикр аст. Воқеан, синамои мо бояд миллӣ бошад, фарқ бикунад, мисли синамои гурҷиҳо. Барои пешрафту муаррифиии синамоямон дар ин хусус чӣ бояд кард ва ё карда истодаем?
– Сарварӣ ба ҳунар, ривоҷи он ва сайқали маҳорат таъсири бад дорад ё нек?
– Ин ҳақиқат бар ҳама маълум аст, ки Шумо дар ҳар куҷое, ки сарварӣ кардаед, дар пешрафту тараққиёташ саҳми бузург гирифтаед. Ба хотир биёрем телевизиони «Сафина», Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва имрӯз «Тоҷикфилм» – ро. Соҳаи кино бо омадани Шумо то ҷое рушд кард, пеш рафт. Ин ҳама неру, ташаббускорӣ аз куҷост?
– Ба назар мерасад, ки имрӯз коргардонҳои тоҷик барои фестивалҳои байналмилалӣ филм меофаранд, яъне тамошогари тоҷик аз дидани он дар аксар маврид маҳрум мемонад. Магар ин бар зарари коргардон, «Тоҷикфилм» ва фаъолияти худи кинотеатрҳо нест?
– Пурсиши маъмулӣ ва ҳамешагӣ: Чӣ таманноҳо ба рӯзнома, аҳли эҷоду хонандагони он доред?
P.S: Фишурдаи суҳбат дар шумораи Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи “Ҷумҳурият” ба табъ мерасад ва ба зудӣ тавассути ютуб – канали https://www.youtube.com/channel/UCMs8GWIk4uOK21trPC1QqUQ
ин нашрия намоиш дода мешавад.
05.07.2023 соат 16:20, шаҳри Душанбе