ҶАЛАСАИ КУМИТАИ ТАДОРУКОТ БАРГУЗОР ГАРДИД.
14-уми июли соли 2023 дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон ҷаласаи Кумитаи тадорукоти Синамоҷашнвораи байналмилалии Душанбе “Тоҷи Сомон” таҳти шиори “Таърихи рушди тоҷикон” баргузор гардид.
Таъкид гардид, ки бо мақсади дастгирии ҷавонони эҷодкор, таваҷҷуҳ ба арзишҳои миллӣ, табодули таҷриба, омӯзиш, манзури ҳаводорони кино намудани филмҳои ватанию хориҷӣ, таҳияи лоиҳаҳои муштарак, муаррифии маконҳои сайёҳӣ ва тарғиби дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, махсусан, рушду шукуфоии босуръати гаҳвораи фарҳангу тамаддуни тоҷикон, шаҳри гулҳо – Душанбе, таҳкиму тавсеаи робитаҳои байналмилалӣ дар соҳаи синамо дар доираи «Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027», бо дастгирӣ ва розигии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» таҳти шиори “Таърихи рушди тоҷикон” бахшида ба Рӯзи кинои тоҷик 15-ум то 19-уми октябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе доир карда мешавад.
Синамоҷашнвораи байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» барои мутахассисони соҳаи кинои байналмиалалӣ арсаи муҳим арзёбӣ гардида, синамогарони маъруфи кишварҳои ҷаҳон ба ҳайси меҳмони фахрӣ дар он иштирок менамоянд.
Дар ин робита тартиби баргузории Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе “Тоҷи Сомон” таҳти шиори “Таърихи рушди тоҷикон” омода гардида, кумитаи тадорукот таъсис ва тасдиқ карда шудааст.
Дар идомаи маҷлис нишон, рамз ва “Шоҳҷоиза”-и Синамоҷашнвора рӯнамоӣ карда шуда, қайд гардид, ки нишон бо нақшҳои миллӣ оро ёфта, дар дохили рамз тоҷ ва атрофи он бо ҳуруфоти англисӣ “Синамоҷашнвораи байналмилалии Душанбе”, “Таърихи рушди тоҷикон” навишта шудааст.
“Шоҳҷоиза” дар шакли ҳайкали Шоҳ Исмоили Сомонӣ ҳамчун рамзи давлатдории тоҷикон интихоб гардида, бо сифати баланд дар хориҷи кишвар омода карда хоҳад шуд.
Ҳамзамон, бо рамз ва нишон туҳфаҳои хотиравӣ барои меҳмонони Синамоҷашнвора, аз қабилӣ қалам, дафтарҳо, бейҷикҳо, майка ва кулоҳҳо барои волонтёрон ва ҳайати хизматрсонӣ омода карда мешаванд.
Дар доираи Синамоҷашнвора барномаҳои корӣ, аз ҷумла, ҷаласаи шурои директорони киностудияҳо, питчинг-рӯнамоии лоиҳаҳои синамоӣ (филмҳои тасвирӣ, ҳунарӣ ва мустанад) мизи мудаввар бо иштироки намояндагони маъруфи синамогарии кишварҳои хориҷи дуру наздик, нишастҳои матбуотӣ, Рӯзҳои кинои кишварҳои хориҷӣ, намоиши аксҳо бахшида ба шаҳри Душанбе, дарси “Устод ва шогирд” пешбинӣ шудааст.
Хотирнишон менамоем, ки дар робита ба баргузории Синамоҷашнвора бо дастури Роҳбари Датсгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19.06.2023, №21084 (26.4) Кумитаи тадорукот аз ҳисоби вазорат уидораҳои дахлдор, таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарпарасти соҳа таъсис дода шуда, нақшаи чорабиниҳо барои баррасӣ ба вазорату идораҳои дахлдор ирсол шудааст.
Зимни маҷлис нақшаи чорабиниҳо мавриди баррасию муҳокима қарор гирифта, барои дар сатҳи баланди ташкилию омодагӣ ва пуршукӯҳ баргузор шудани чорабинии байналмилалии синамоӣ ҷиҳати иҷрои бандҳои нақшаи мазкур ба вазорату идораҳои дахлдор дастуру супоришҳо дода шуд.
Мавриди зикр каст, ки мутобиқи накшаи сорабиниҳо маросими ифтитоҳи Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе “Тоҷи Сомон” дар театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардида, дар он Роҳрави сурх, барномаи мусиқии миллӣ дар даромадгоҳ, намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ, аксу мусаввараҳои рассомону аксбардорон аз манзараҳои зебои шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст.
Рӯзҳои кинои кишварҳои хориҷӣ ва намоиши филмҳо дар кинотетрҳои “Наврӯз”, “Ватан”, “Зебуннисо” ба роҳ монда шуда, меҳмонони Синамоҷашнвора аз мавзеҳои таърихии Қалъаи Ҳисор, шаҳрҳои Норак, Турсунзода, Ваҳдат, Хуҷанд, Бохтар ва макони сайёҳии “Искандакӯл” (мувофиқи нақша) боздид менамоянд.
Рӯзи 19-уми октябр дар театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими анҷоми Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе “Тоҷи Сомон” дар фазои тантанавӣ, бо супоридани ҷоизаҳо барои филмофарон ва барномаи фарҳангӣ ҳусни анҷом мепазирад.
Маъмурияти “Тоҷикфилм”