ВОХӮРИИ ДИРЕКТОРИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ «ТОҶИКФИЛМ» БО САФИРИ ФАРОНСА ДАР ТОҶИКИСТОН

18-уми августи соли 2023 директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён сафири навтаъини Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Елза Пинёлро ба ҳузур пазируфт.
Зимни вохӯрӣ доир ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаи синамо, филмбардории муштарак, ҷалби мутахассисони соҳа барои филмбардорӣ, дарсҳои «Устоду шогирд», иштироки синамогарони маъруф дар чорабиниҳои синамоӣ ибрози ақида карда шуд.
Изҳори назар карда шуд, ки дар оянда тақвият ва таҳким бахшидани робита ва ҳамкориҳои судманд миёни ниҳодҳои синамогарӣ ва ба роҳ мондани филмбардории муштарак бо ҷалби мутахассиони ҳирфаии Тоҷикистону Фаронса ба манфиати ҳар ду ҷониб хоҳад шуд.
Ҳамзамон, таъкид гардид, ки дар доираи рушди ҳамкориҳои дар соҳаи фарҳангу синамо дар нимсолаи дуюми соли равон дар шаҳри Париж намоиши филмҳои классикию муосири тоҷик баргузор карда мешавад. Дар ин замина, барои алоқамандони синамои Фаронса ва дигар кишварҳои Аврупо имкон фароҳам меояд, ки бо тамошои филмҳои тоҷикӣ бо дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, таъриху фарҳанг ва маконҳои сайёҳию наворбардории Тоҷикистон ошноӣ пайдо намоянд.
Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардид.
Маъмурияти «Тоҷикфилм»