НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДОИР БА ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ «ТОҶИКФИЛМ» ДАР НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2023

Имрӯз (03.08.2023) тибқи Нақшаи чорабиниҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров бо иштироки доираи васеи хабарнигорони воситаҳои ахбори омма доир ба фаъолияти Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар нимсолаи аввали соли 2023 нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Дар оғози нишаст, директори Муассиаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён ба хабарнигорони васоити ахбори мамлакат доир ба натиҷаҳои фаъолияти Муассиса дар нимсолаи аввали соли 2023 маълумоти муфассал пешниҳод намуда таъқид дошт, ки дар давраи ҳисоботӣ филмҳои ҳунарии «Ҳақиқат» (коргардон Манзаралӣ Шералӣ), «Се хоҳарон» (коргардон Муҳаммадрабӣ Исмоил), «Ҷанг бадбахтӣ меорад» (Ориф Осимпур), филмҳои кўтоҳи «Захм» (коргардон Ватандор Шеров), «Сарчашма» (коргардон Пайрав Шарифов), филми тасвирии «Алифбо» (коргардон Фирдавс Насруллозода) дар 15 қисм, филмҳои мустанади «Тоҷикон» (коргардон Рустам Шоазимов), «Гумроҳон» (коргардон Ватандор Шеров), «Теппаи Қурғон», «Чилучорчашма» омода гардида, таҳияи филми мустанади «Роғун-кохи нур» коргардон (Соро Музофиршоева) идома дорад.
Дар соли равон истеҳсоли филмҳои ҳунарии «Ҳадди орзуҳо» (коргардон Умед Мирзоширинов), «Зиндагӣ зебост» (коргардон Далер Раҳматов) ва филми ҳунарии кўтоҳи «Модар» (коргардон Нигина Раҷабова) оғоз гардидааст.
Ҳамзамон, наворбардории филми муштараки таърихии «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» дар назар дошта шудааст.

Дар идома Роҳбарияти муассиса ба саволҳои сершумори хабарнигорон ҷавобҳои мушаххас доданд.

Маъмурияти «Тоҷикфилм»