ОМОДАГИҲО БАРОИ ТАҲИЯИ ФИЛМИ ҲУНАРИИ ТАЪРИХИИ МУШТАРАКИ “ДУРАХШИ АХТАРОН ҶОМӢ ВА НАВОӢ”

Таҳияи филми ҳунарии муштарак дар бораи дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек – Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ ҷиҳати ҳамкориҳои синамоӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон марҳилаи нав оғоз гардид. Таҳия ва наворбардории филми муштараки бадеию таърихии “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” як барномаи ниҳоят бузург аст, ки аз синамогарони Тоҷикистону Ӯзбекистон масъулият ва касбияти баландро тақозо мекунад.
Дар ин миён чандин вохӯриҳои судманди роҳбарияти Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” бо Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, киноконсерни “Ӯзбекфилм” бо ҷалби олимону таърихшиносони ҳар ду ҷониб доир гардида, масъалаҳои омода намудани филмномаи коргардонӣ, интихоби ҳунармандон, интихоби маконҳои наворбардорӣ, харҷнома ва нақшаи чорабиниҳои муштарак мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Бо ин мақсад, гурӯҳи кории Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ҳаммуаллифи филмнома Сафар Ҳақдод, коргардони таҳиягар Файзулло Файз, рассоми таҳиягар Тоҳир Назар ва коргардони дуюм Манзаралӣ Шералӣ ба шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба сафари корӣ фиристода шуданд. Сафари гурӯҳи корӣ ба шаҳри Тошканд барои пурра омода намудани филмномаи коргардонӣ ва интихоби маконҳои наворбардорӣ дар шаҳрҳои Самарқанд, Бухоро ва Хоразм идома меёбад.


Маъмурияти «Тоҷикфилм»