САБТИ НОМИ ХЕШТАН ДАР САНГИ ХОРО ШАРТ НЕСТ…

Муҳаббат Сатторӣ (Сатторова Муҳаббат Манноновна) дар замони соҳибистиқлолӣ яке аз бонувони серғайрат ва пуртаҷрибаи соҳаи кинои тоҷик махсуб меёфт. Солиёни зиёде дар соҳаҳои театр, телевизион ва кинои тоҷик фаъолият намуда, дар рушду пешрафти ин соҳаҳо саҳми арзандае гузоштааст. Пас аз хатми донишкада дар саҳнаҳои театр ҳунарнамоӣ карда, дар театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Саидалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб, театр-студияи «Нимҷазира» ва театри драмавӣ ва академии ба номи А. Лоҳутӣ ифои вазифа намудааст. Дар соҳаи телевизион бо таҳияи барномаҳои «Театр ва тамошобин», «Нозукиҳои ҳунар» ва филмхои телевизионии «Фарёди дил», «Гулпараки зарринбол», киноконсертҳои «Савти фалак», «Хислати фалак» ва «Орзуҳои нилобӣ» мақоми хосае дошт.
То вопасин лаҳзаҳои ҳаёт дар соҳаи кинои тоҷик фаъолият карда, филмҳои ҳунарии «Пайванди шикаста», «Падруду пайғом», «Афсонаи хоб», «Зарандуд», «Як ҷаҳон аз ману ту», «Маро бубахш», «Рақси зиндагӣ» ва бахшида ба 90-солагии кинои тоҷик филми мустанади «90-соли кинои тоҷик»-ро пешкаши тамошобинону алоқамандони синамои миллӣ намудааст.
Хизматҳои ин бонуи ҳунар бо мукофотҳои соҳавии «Аълочии кинематографияи тоҷик», «Аълочии фарҳанг» ва «Аълочии телевизион ва радио» ва мукофотҳои давлатии «Ифтихорнома»-и Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Корманди шоистаи Тоҷикистон» қадрдонӣ шудаанд.
Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» бо мақсади абадӣ гардонидани ном ва пос доштани хотираи коргардон, корманди шоистаи Тоҷикистон, аълочии кинематография, фарҳанг ва телевизиони тоҷик Муҳаббат Сатторӣ мактаби синамогарони ҷавон «Навомӯз»-ро ба номи Муҳаббат Сатторӣ номгузорӣ кард.
Ин иқдом боис бар он мегардад, ки корномаю фаъолияти самаровар ва номи неки ин бонуи ҳунар ҷовидонаю хотирааш пос дошта шуда, барои синамогарони ҷавон мояи ифтихор бошад.
Хотирнишон бояд кард, ки Мактаби синамогарони ҷавон “Навомӯз” ба номи Муҳаббат Сатторӣ ба фаъолият шурӯъ кард.
Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” довталабонро ба курси панҷмоҳаи мактаби синамогарони ҷавон “Навомӯз”, аз 15-уми сентябри соли 2023 даъват менамояд.
Ҳадафи таъсиси мактаби синамогарӣ дар назди Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” пеш аз ҳама, тарбияи кадрҳои қобилиятноку лаёқатманд ва ҷалби ҷавонон ба соҳаи синамо мебошад.
Талабот барои дохил шудан:
майлу рағбат ба соҳаи синамо,
донистани забонҳои тоҷикию русӣ,
донистани забони англисӣ афзалиятнок аст,
шакли электронии корҳои эҷодии қаблан офарида/портфолио.
Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо аз 15-ум то 31-уми августи соли 2023 мебошад.
Ҷиҳати қабул ба мактаби синамогарони ҷавон “Навомӯз” пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зерин зарур мебошад:
-Пурсишномаи хонапуркардашуда (аз сомонаи www.tojikfilm.t j гирифтан мумкин аст);
-Нусхаи шиноснома;
-Нусхаи диплом дар бораи маълумоти олӣ ва замима ба он (агар бошад);
-Маълумотнома аз донишгоҳ/донишкада (дар сурати маълумоти олии нопурра доштан);
-Сурати довталаб (андозаи шиноснома 3х4);
-Намунаи иншои адабии довталаб (қисса, филмнома дар ҳаҷми на зиёда аз 5 саҳифа) дар шакли PDF.
Ҳуҷҷатҳоро тавасути почтаи электронии navomuz@mail.ru ирсол намудан мумкин аст.
Хатмкунандагон бо сертификати хатми курси Мактаби синамогарони ҷавон “Навомӯз” таъмин карда мешаванд.
Мактаби синамогарони ҷавон “Навомӯз” воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Беҳзод 25.
Телефон барои маълумот: +992000028763
Шахси масъул: Рахима Гаибова
Маъмурияти «Тоҷикфилм»