ФИЛМҲОИ “ТОҶИКФИЛМ” ДАР САНКТ-ПЕТЕРБУРГ

Филми мустанади “Тоҷикон-пайравони ҳақиқат”-и Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм”, ки доир ба таъриху фарҳанги халқи тоҷик ва саҳми миллати тоҷик дар рушду пешрафти фарҳангу тамаддуни умумибашарӣ бо коргардонии Рустам Шоазимов таҳия ва наворбардорӣ шудааст, дар Синамоҷашнвораи IV байналмилалии филмҳои нави ҳунарию мустанади Россия ва кишварҳои хориҷи наздик (LENDOC FILM FESTIVAL (LEFF)) барои иштирок ва рақобат дар озмуни филмҳои мустанад пазируфта шуд.
Синамоҷашнвораи IV байналмилалии филмҳои нави ҳунарию мустанади Россия ва кишварҳои хориҷи наздик (LENDOC FILM FESTIVAL (LEFF)) аз 25-ум то 29-уми авгу3сти соли 2023 дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия доир мегардад.
Филм бо арқому далелҳои қатъӣ саҳми миллати тоҷикро дар пайдоиш, рушд ва тавсеаи тамаддуни умумиҷаҳонӣ дар пардаи синамо инъикос намуда, таърих ва фарҳанги оламшумули халқи тоҷикро аз азал то ба имрўз мунсифона рўйи сафҳаи синамо мунаққаш сохтааст.
Филм бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ омода гардида, муаррифгари таъриху фарҳанги миллати тоҷик дар ақсои олам маҳсуб меёбад.
Ҳамзамон, дар озмуни филмҳои ҳунарии Синамоҷашнвораи IV байналмилалии филмҳои нави ҳунарию мустанади Россия ва кишварҳои хориҷи наздик (LENDOC FILM FESTIVAL (LEFF)) филми ҳунарии “Дов” коргардон Муҳиддин Музаффар иштирок ва рақобат хоҳад кард.


Маъмурияти “Тоҷикфилм”